10:11, 25 Июни 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Филми ҳунарии «Бегона» бо унвони «бигурез» дар пардаи синамо омад

Дар ҳафтаи навин филми ҳунарии «Бегона: киштии аҳд»

бо унвони «бигурез» рӯйи пардаи синамо омад. Филми мазкур аз ҷониби коргардон Ридли Скотт аз рӯйи филмномаи Джон Логан, Данте Харпер ва бо продюссерии Дэвид Гайлер, Эми Грин ва дигарон рӯйи саҳна омадааст. Нақшҳои асосиро дар ин филм: Майкл Фассбендер, Кэтрин Уотерстон , Билли Крудап , Дэнни МакБрайд ва дигарон иҷро намудаанд. Достони филм чунин оғоз мешвад .Як гурӯҳ олимони машҳури дунё ва тадқиқотбарони нотарсу шуҷоъ ба сафари навбатии кайҳони мебароянд. Онҳо хеле роҳи дарозро тай намуда аз дидани ситораҳо ва дигар саёраҳо хеле хушҳол мегарданд. Аммо дар охир ба сайёрае мерасанд, ки ба биҳишити орзуҳо хеле монанд. Табиати афсункор ва зебогиҳои ин сайёраи номаълум гурӯҳи кайҳоннавардонро ба олами ҳайрат мекашад. Вале дар онҷо ҷонварони ниҳоят бадҳайбату хунхора ва як нафар робот аз барномаи Андроид бо номи Девид, ки дар сафари пеши ин гурӯҳ ба инҷо омадааст, зиндагони мекунад. Девид аз гурӯҳи тадқиқотбарони Прометей дар ин сайёра омадааст ва худ танҳо бар зидди ваҳшитарин ҷонвароне, ки мо бори аввал мебинем мубориза мебарад. Акнун ба одамони киштии Аҳд ҷонварони номбурда ҳуҷуми марговари худро оғоз месозанд ва биҳишти дар назардоштаии онҳоро ба дузах мубадал мегардонанд. Оё дар ин мубориза ки зинда мемонад ва ки мемирад баъди тамошои он маълум хоҳед кард. Филми ҳунарии «Бегона:киштии аҳд» бо унвони «бигурез» дар Амрико, Австрия, Британияи Кабир, ва Зеландияи Нав дар жанрҳои тахаюлӣ-афсонавӣ, трейлери ҷангӣ- ҷустҷӯӣ ва саргузаштӣ аз ҷонниби ширкати синамосозии «Фокс қарни 20» бо маблағи тақрибан 250 млн. доллар наворбардори шудааст. Бисёр аз ҳаводорони филмро раъяти давлатҳои Амрико, Британияи Кабир, Австрия, Хитой ва Олмон дар бар мегирад. Ҳаҷми умумии филм 122 дақиқаро ташкил мекунад. Филми мазкур аз бисёр кишварҳои олам инчунин дар Тоҷикистони азизи мо ҳам аз кинотеатри 3D Наврӯз мавриди намоиши умум қарор дорад.