01:23, 17 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Филми таърихии «Шоҳ Артур ва шамшери афсонавӣ» дар 3D кионтеатри Наврӯз

Дар ҳафтаи навин филми ҳунарии «Шоҳ Артур ва шамшери афсонавӣ»

бо унвони «Шоҳи модарзод» саҳифаи навбатии таърихии синамои ҷаҳониро боз намуд. Филми мазкур аз ҷониби коргардон Гай Ричи аз рӯи филмномаи Джоби Харолд, Лайонел Уигрэм ва бо продюссерии Брюс Берман, Стив Кларк ва дигарон рӯйи саҳна омадааст. Нақшҳои асосиро дар ин филм Чарли Ханнэм , Астрид Берже , Джуд Лоу , Джимон Хонсу , Эрик Бана ва дигарон иҷро намудаанд. Филм дар бораи таърих ва ҳодисаҳои «Шоҳ Артур» ва шамшери афсонавии ӯ ҳикоятгарӣ мекунад. Дар идомаи достон ҷавони ниҳоят пурғайрат, нотарсу далер ва хеле зираку доно бо номи Артур ва гурӯҳи худ дар шаҳри Лондониум кӯчаҳо ва одамонро аз дуздону бадкорон ҳифз мекунанд. Артур ҳамеша якранг зиндагонӣ мекард, аммо ба таври ногаҳонӣ ӯ шамшери «Экскалибур»-ро дарёфт мекунад ва ӯ тамоман таъғир меёбад. Акнун қаҳрамони фимл вазифадор мешавад, то идомаи саргузашти шамшери афсонавӣ ва соҳиби ӯро ба пеш барад. Артур дар ин пайроҳа маҷбур мешавад, ки роҳу равиш ва тарзи истифодаи ин шамшерро бо ҳамроҳи духтари хеле зебову афсункор бо номи Гвинев омузад. Аз замони ба даст овардани шемшер ӯро душманони қатолу марговари зиёде ҷустҷӯ менамоянд. Артур ин шамшери афсонавиро бояд дар роҳи корҳои нек ва нест намудани ҷодукору инсонҳои бад истифода барад ва қасоси худро аз ононе ки волидайни ӯро куштанду тоҷу тахти қабилавии уро рабудаанд бистонаду ба даст оварад. Қаҳрамони филм бо санъати баланди ҷангӣ ба майдони ҳарбу зарб мебарояд. Артур ба чи ҳодисаҳо рӯ ба рӯ мешавад баъди тамошои филм маълум хоҳед кард. Филми ҳунарии «Шоҳ Артур ва шамшери афсонавӣ» бо унвони «Шоҳи модарзод» соли 2017 дар Амрико аз ҷониби ширкати синамосозии «бародарон Пикчерз» ва «Виллаҷ пикчерз» дар жанрҳои тахаюлӣ-афсонавӣ, таърихӣ, ҷангӣ - саргузаштӣ ва ҳаётӣ бо маблағи 102 млн. доллар наворбардорӣ шудааст. Бисёр аз ҳаводорони филмро раъяти давлатҳои Амрико, Италия, Фаронса, Британияи Кабир Руссия ва давлатҳои муштаракулманофеъ дар бар мегирад. Ҳаҷми умумии филм 104 дақиқаро ташкил мекунад. Филми мазкур аз бисёр кишварҳои олам инчунин дар Тоҷикистони азизи мо ҳам аз кинотеатри 3D Наврӯз мавриди намоиши умум қарор дорад.