04:04, 22 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Филми «Рафтани зебо» пур аз ҳодисаҳои тааҷҷубовар аст

Ҷадидтарин филми ҳунарии амрикоӣ «Рафтани зебо»

бо унвони «Ҳеҷ гоҳ худро пир эҳсос накунед» бо фурӯши 20 млн доллар мақоми аввали ширкати тиҷоратии синамоии «Бок Офис»-ро аз они худ кард. Филми мазкур аз ҷониби коргардон Зак Брафф аз рӯйи филмномаи Тед Мелфи, Эдвард Кэннон ва бо продюссерии Доналд Де Лайн, Брюс Берман ва дигарон таҳия шудааст. Нақшҳои асосиро дар ин филм: Ҷои Кинг, Морган Фриман, Энн-Маргрет, Майкл Кейн, Алан Аркин ва дигарон иҷро намудаанд. Достони филм дар бораи се дӯсту бародар, се инсони донову оқил ва ҳаяҷонӣ, ки синну соли онҳо ба нафақа расидааст, ҳикоят мезанад. Кори доимии онҳо шаб то рӯз тамошои хабарҳои телевизионӣ ва барномаҳои ҷолибу дилкаш мебошад. Бонке, ки доимо нафақаи ин се дӯстро медод аз сабабҳои номаълуме худро тақрибан муддати як сол ба муфлисшавӣ эълон мекунад. Се марди нафақахур акнун дигар маблағе надоранд, ки идомаи рӯзгор ва зиндагии худро пеш баранд ва дар ҳолати ногувор мемонанд. Яке аз онҳо дар ҷавонӣ шоҳиди дуздии як бонки калон буд ва ин андешаро пеши худ мегузоранду мехоҳанд бонкро ғорат намуда, пули нафақаи худ ва дигаронро диҳанд. Аз хонаи як дӯсти худ яроқ дарёфт мекунанд ва мехоҳанд мақсади худро амалӣ созанд. Тааҷҷубовараш он аст, ки онҳо боре ҳам яроқро дар даст нагирифтаанд. Вале бо дастони ларзони худ яроқ дар даст се марди нафақахур ба сӯйи бонк ба мақсади ғорат мераванд. Дар ин миён ҳодисаҳои тааҷҷубоваре ба амал меояд, ки ояндаи филмро хеле ҳаяҷонангезу пуршиддат мегардонанд. Филми ҳунарии «Рафтани зебо» бо унвони «Ҳеҷ гоҳ худро пир эҳсос накунед» соли 2017 дар Амрико аз ҷониби ширкати синамосозии «Бародарон ворнер» ва «Нев Лине Синема» дар жанрҳои саргузашти, тахайюлӣ-ҷустучӯйӣ ва оилавӣ бо маблағи 66 млн наворбардорӣ шудааст. Филм то имрӯз зиёда аз 35 млн доллар ба хазинаи худ фоида овардааст. Бисёр аз ҳаводорони филмро раъияти давлатҳои Мексико, Амрико, Фаронса, Канада ва ва давлатҳои муштаракулманофеъ дар бар мегирад. Ҳаҷми умумми филм 96 дақиқаро ташкил мекунад. Филми мазкур аз бисёр кишварҳои олам, аз ҷумла дар Тоҷикистони азизи мо ҳам аз кинотеатри 3D-и Наврӯз дар ҳоли намоиш умум қарор дорад.