00:50, 22 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Филми «Форсаж 8» вориди саҳнаи синамои ҷаҳонӣ шуд

Дар ҳафтаи навин филми ҳунарии «Форсаж 8» бо унвони «Ҳар кас ба роҳи худ»

вориди саҳнаи синамои ҷаҳонӣ шуд. Филми мазкур аз ҷониби коргардон Гери Гей ҳамчунин аз рӯйи филмномаи Крис Морган, Гэри Скотт ва бо продюссерии Вин Дизел, Майкл Фоттрел ва дигарон рӯйи саҳна омад. Нақшҳои асосиро дар ин филм: Вин Дизел, Дуэйн Ҷонсон, Ҷейсон Стэтхэм, Мишел Родригес, Шарлиз Терон ва дигарон иҷро намудаанд. Достони филм чунин оғоз мешавад: баъд аз воқеаҳои гузаштаи қисми 7-и филм ва сарнагун шудани душманонашон дастаи пурқудрати форсаж ва таъқиби онҳо дар шоҳроҳҳои олам идома дорад. Дар ин навбат муборизаи қувваи некӣ ва бадӣ дар соҳилҳои Куба, шоҳроҳи азими Ню -Йорк ва наздикии дарёи Барентс оғоз мегарад. Доминик Торенто ва завҷаи ӯ Летти барои хуб гузаронидани моҳи асали худ ба саёҳат мераванд. Брайан ва Миа аз бозии Форсаж берун баромада мехоҳанд дар оромӣ фарзандони худро тарбия намоянд. Вале дар ин миён бозингари нав- зани асроромез ва сардори як гурӯҳи ҷинояткор ба бозӣ дохил мегардад. Ӯ бо ақлу тавоноии худ дар ин гуруҳ дӯстонро бо душманон дӯст ва дӯстонро бо дӯстони ҳақиқиашон душман мегардонад. Хусусан сардори гурӯҳ Доминик Торенто бар зидди дастаи худ Форсаж душман мегардад. Декард Шоу аввалин бор бо сардори гурӯҳи полис Люк Хоббс дӯсти намуда, бо ҳамроҳии дастаи Форсаж барои бори дигар баргардонидани сардор ва одаме, ки онҳоро таълими мардонагиву зиндагӣ ва дӯстиву инсонгариро омӯхта буд, ба роҳ мебарояд. Акнун онҳо якҷо дар шоҳроҳҳои бузурги олам бо суръати баланду ғалатии хуб ба майдон меоянд… Филми ҳунарии «Форсаж 8» бо унвони «Ҳар кас ба роҳи худ» соли 2017 дар Амрико аз ҷониби ширкати синамосозии «Юниверисал пикчерз» ва «Орҷинал филм» дар жанрҳои тахайюлӣ- ҷангӣ ва драмавӣ-саргузаштӣ бомаблағи тақрибан 200 млн доллар наворбардорӣ гардидааст. Бисёр аз ҳаводорони ин гуна филмҳоро раъияти давлатҳои Амрико, Олмон, Фаронса, Британияи Кабир ва давлатҳои муштаракулманофеъ дар бар мегирад. Ҳаҷми умумии филм 136 дақиқаро ташкил мекунад. Филм дар аксар мамолики дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистони азизи мо ҳам аз кинотеатри 3D-и Наврӯз дар ҳоли намоиш умум қарор дорад.