00:50, 22 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Филми «Ширхораи бузургақл» аз ҳаёти ду бародар қисса мекунад

Филми ҳунарии «Ширхораи бузургақл» бо зерунвони «Сардор»

пардаи саҳнаи синаморо боз кард. Филми мазкурро коргардон Том МакГрат аз рӯйи филмномаи Майкл МакКаллерс, Марла Фрэйзи рӯйи навор оварда, продюсерии онро Рэмси Энн Наито ва чандеи дигар бар уҳда доштанд. Нақшҳои асосиро дар ин филм: Майлз Кристофер, Алек Болдуин, Эрик Белл, Стив Бушеми, Ҷимми Киммел ва дигарон иҷро намудаанд. Филм дар бораи саргузашти қаҳрамонони беҳамто ва тахайюливу афсонавӣ ҳикоят мекунад. Дар ҳаёти писарчаи 7 сола нохушии калоне рух медихад- додарчаи ӯ чашм ба олами ҳасти мекушояд. Акнун ин кӯдакаки нав ба дунё омада дар мавриди мехрубониву лутфи зиёди волидайн мегардад. Писарчаи 7 сола дигар шабҳо дар гӯшаш суруди дилнишини алла садо намедихад, ин ҳолат ӯро хеле гамгин месозад. Додарчаи хурдакакаш хеле моҳиру доно ва нотарсу ҷасур аст, ки аз дигар сайёра фиристода шудааст то дар сайёраи Замин вазифаҳои бардуш доштаашро анҷом диҳад. Ӯ аз ҷониби як киштии кайҳонӣ идора карда мешавад ва як гурӯҳ махлуқони дигар ситораро сарварӣ мекунад ва ба воситаи гурӯҳи худ корҳои илмии махсусро иҷро менамоянд, ки барои одамони маъмулӣ хеле тааҷҷубовар аст. Филми ҳунарии «Ширхораи бузургақл» бо зерунвони «Сардор» соли 2017 дар Амрико аз ҷониби ширкатҳои синамосозии «Дреамворкс анимейшн» дар жанрҳои тахайюлӣ- афсонавӣ, саргузаштӣ ва оилави бо маблағи 80 млн доллар наворбардорӣ шудааст ва зиёда аз 200 млн доллар хазина афзудааст. Давомнокии филм 87 дақиқаро дар бар мегирад. Мухлисону алоқамандони бад-ин гуна филмҳоро асосан шарвандони синамопарасти давлатҳое чун Испания, Италия, Австрия, Амрико ва кишварҳои муштаракулманофеъ ташкил медиҳанд. Филм дар аксар мамолики дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистони азизи мо ҳам аз кинотеатри 3D-и Наврӯз дар ҳоли намоиш умум қарор дорад.