12:02, 20 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Чаро одамон ба кайҳон парвоз мекунанд?

Дар ҳафтаи навин филми ҳунарии «Зинда» бо зерхати «Зирак ва пурқудрат»

бо фурӯши 16 млн доллар тавонист ҷойи аввали Шикати тиҷоратии «Бокс офис»-ро ишғол намояд. Филми мазкурро коргардон Даниэл Эспиноса аз рӯйи филмномаи Ретт Риз, Пол Верник таҳия намуда, корсозии онро Бонни Кертис, Дэвид Эллисон ва дигарон дар ихтиёр доштанд. Нақшҳои асосиро дар ин филм: Ҷейк Ҷилленхол, Ребекка Фергюсон, Райан Рейнолдс, Олга Диховичная, Эрион Бакаре ва дигарон иҷро намудаанд. Достони филм: 6 таҳқиқотгари ширкати байналмилалии кайҳонии НАСА дар кайҳон ҳангоми сафар дар сарҳади кашфи бузургтарин амали илмӣ дар таърихи инсоният қарор доранд. Дар дохили киштии кайҳонӣ онҳо бо номи Плигрим махлуқи хурдакаки дигар сайёра мавҷуд аст. Ва ин аввалин бор мебошад, ки инсоният ин махлуқро дар утоқи шишагин тамошо намояд. Сардори ин гурӯҳи кайҳоннавардонро Ҷон Макем доктори илмҳои тиб ва ҷирмҳои осмонӣ, муҳандиси машҳури замон дар амалиёти навбатии сафари кайҳонии худ бо ҳамроҳии яке аз собиқадори ин соҳа Ҷек Харичсон бар душ доранд. Ин сафар ба мисли дигар амалиёти ҳавоӣ маъмулӣ набуд. Онҳо фикр мекарданд, ки нигоҳ доштани ин махлуқи дигар сайёра дар киштии кайҳонӣ безарар аст, вале ба хуҷуми ногаҳонӣ ба садамаи қайҳонӣ рӯ ба рӯ мешавад, ки киштии онҳо аз кор мебарояд. Акнун дар самои бекарон кӣ зинда мемонад ва кӣ мемирад, баъди тамошои он маълум хохед кард. Филми ҳунарии «Зинда» бо зерхати «Зирак ва пуркудрат» соли 2017 дар Амрико аз ҷониби ширкати синамосозии «Сони пикчерз» ва «Колумбия пикчерз» дар жанрҳои тахайюлӣ-ҷангӣ ва триллери саргузаштӣ бо маблағи тақрибан 60 млн доллар наворбардорӣ шудааст. Филм то имрӯз зиёда аз 100 млн доллар ба хазинаи худ суди соф овардааст. Ҳаҷми умумии филм 110 дақиқаро дар бар мегирад. Мухлисону алоқамандони бад-ин гуна филмҳоро асосан шарвандони синамопарасти давлатҳое чун Амрико, Фаронса, Британияи Кабир, Канада ва кишварҳои муштаракулманофеъ ташкил медиҳанд. Филм дар аксар мамолики дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистони азизи мо ҳам аз кинотеатри 3D-и Наврӯз дар ҳоли намоиш умум қарор дорад.