00:50, 22 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Филми «Зебо ва Зишт» басо ҷолибу диданист

Филми ҳунарии «Зебо ва Зишт» бо унвони «Шумо меҳмони моед»

дар саҳнаи синамои ҷаҳонӣ ҷилваангез шуд. Филми мазкур аз ҷониби коргардон Кристоф Ганс бо истифода аз филмномаи Стивен Чбоски, Жанна-Мари Лепрен ва бо корфармоии Стив Гауб, Дон Хан дар ҳамдастӣ бо чанд тан аз ҳаммаслакони дигар офарида шуд. Нақшҳои асосиро дар ин филм: Эмма Уотсон, Дэн Стивенс, Люк Эванс, Ҷош Гад, Кевин Клайн ва дигарон иҷро намудаанд. Достони филм саргузашти ғарибу ғалатии тоҷирдухтари то бас гуфтан нотарсу далерро, ки ӯро ном Бел аст, бозгӯ мекунад. Ӯ ба қасди наҷот додани падараш дидаву дониста худро ба даргоҳи марги яқин – қасри тавҳинбарангези марди бадзоти гирифтори ҷодӯ бо номи Зишт мезанад. Зишт аз ҷониби пиразане ба воситаи як дона гул ба олами ҷоду кашида шудааст. Бел баробари андар омадан дар он, худро дар як дунёи сеҳрноки афсонавӣ эҳсос менамояд. Аз ҳайбати Зишт одамони гирифтори тарсу ҳарос мурданро ба гардан мегирифтанду ба қаср андар омаданро не! Вале дар асл бошад, Зишт сириштан хеле одами нармдилу фурутан ва меҳрубону дилсӯзе буд, ки бар асари ҷоду бад-ин аҳвол афтода. Бел бо дили ҳассоси худ тору пуд ва саропои вуҷуди Зиштро чун шинохт, ба ӯ меҳр монду муҳаббат ва ошиқу гирифтори ӯ шуд. Баъд аз ин Бел бо тамоми ҳастӣ кӯшиш ба харҷ дод, то қуфли тилисму ҷодуро бишкаста Зиштро ба асли қадимаи худ фаро биоварад. Вале дар беруни шаҳр лашкари бузурге мехоҳанд, ки зиштро бикушанд. Ин ҳолат ду ошиқи дилдораро ба олами изтироб мекашад, ки ин лаҳза тамошобинро ба хайрат мебарад…. Филми ҳунарии «Зебо ва Зишт» соли 2017-ум дар Амрико аз ҷониби ширкати синамосозии «Уолт дисней» дар жанрҳои мусикавӣ, тахайюлӣ-афсонавӣ, ҷангӣ ва саргузаштӣ бо маблағи тақрибан 100 млн доллар наворбардорӣ шудааст. Аксари ҳаводорони ин филми машҳурро раъияти Амрико, Франсия, Россия, Олмон ва Испания ташкил медиҳанд. Филм дар маҷмӯъ 129 дақиқа тӯл мекашад. «Зебо ва Зишт» дар аксар мамолики дунё аз ҷумла дар Тоҷикистони азизи мо ҳам аз кинотеатри 3D-и Наврӯз дар ҳоли намоиш умум қарор дорад.