00:50, 22 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Инсонҳо дар ҷазираи Ҷумҷума бо ҳайвонҳои даҳшатангез рӯ ба рӯ мешавад

Дар ҳафтаи равон филми ҳунарии «Конг: ҷазираи Ҷумҷума»

таҳти унвони бедоршавии «Кинг-конг» бо фурӯши 65 млн доллар садрнишинии ширкати тиҷоратии синамоии «Бок-офис»-ро мухр ба номи худ зад. Филми мазкурро коргардони машҳур Ҷордан Вот дар асоси филмномаи Дэн Гилрой, Макс Боренштейн ва бо корсозии Дэбби Босси, Эдвард Ченг ва дигарон офарид. Нақшҳои асосиро дар ин филми тахайюлӣ ҳунарпешаҳои нотакрори соҳибистеъдод: Том Хиддлстон, Сэмюэл Ҷексон, Ҷон Гудман, Бри Ларсон, Сзин Тян ва дигарон иҷро намудаанд. Достони филм аз сафари собиқ афсари ҳарбии Британияи Кабир Ҷеймс Конрад ва хабарнигор-суратгир бо номи Уивер, инчунин гурӯҳи тадқиқотбарони махсус ба як саёҳати маргворе оғоз мешавад. Максади асосии ин гурӯҳ муайян намудани сиру асрори як ҷазираи уқёнуси Ором бо номи Ҷумҷума мебошад. Қаҳрамонони филм ба ҷое омаданд, ки то ҳол қадами инсоният нарасидааст. Гурӯҳи ҳарбӣ тамоми харитаи ҷуғрофие, ки онҳо дар назар доштанд ба бомбаҳои назоратӣ таъмин мекунанд то дар холати хатар ба онҳо кумак расонад. Дар сафар бо як ҳайвони ваҳшатангези рӯйи замин Кинконги афсонавӣ аз қабилаи Гарила вомехӯранд, ки аз тарс дигар идомаи кори худро анҷом додан намехоҳанд. Дар ҳамин замон марди асрорангезе омада ба онҳо мегӯяд: «Кинг- Конг ин одитарин бадҳайбати ин ҷазира аст, холо Шуморо даҳшатангезтарин ҳайвонҳои сайёраи Замин интизор аст». Акнун қаҳрамонони филм аз идомаи сафар даст мекашанд ё не ?- баъди тамошои он маълум хохед кард. «Конг: ҷазираи ҷумҷума» таҳти унвони бедоршавии «Кинг-конг» соли 2017-ум дар Амрико ва Ветнам аз ҷониби ширкати синамосозии «Бародарон Ворнер» ва «Легендар пикчерз» дар жанромезишҳои тахайюлӣ, ҷангӣ ва саргузашӣ бо харҷи 190 млн доллар наворбардорӣ гардидааст ва дар рӯзи аввали намоиши худ зиёда аз 200 млн доллар суди соф авардааст. Роғибони бад-ин гуна филмҳоро асосан табааи синамодӯстдори давлатҳое чун Амрико, Испания, Австрия, Британияи Кабир ва кишварҳои муштаракулманофеъ ташкил медиҳанд. Аз нигоҳи замонсанҷӣ филми номбурда 108 дақиқаро ба таркиб дорад. Филми мазкур дар аксар мамолики дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистони азизи мо ҳам аз кинотеатри 3D-и Наврӯз дар ҳоли намоиш умум қарор дорад.