12:03, 20 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Филми «Логан» аз калонтарин экрани (ҶТ) дар намоиши умум қарор дорад

Филми ҳунарӣ таҳти унвони «Логан» бо зерунвони «Вақти ӯ фаро расид»

рӯйи саҳнаи синамо омад. Филм дар аксар мамолики дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистони азизи мо ҳам аз кинотеатри 3D-и Наврӯз дар ҳоли намоиш умум қарор дорад. Филми мазкурро коргардони машҳур Ҷеймс Мэнголд дар асоси филмномаи Скотт Фрэнк, Майкл Грин ва бо корсозии Саймон Кинберг, Стэн Ли ва дигарон офарид. Нақшҳои асосиро дар ин филм ҳунарпешаҳои нотакрори соҳибистеъдод: Хю Ҷекман, Патрик Стюарт, Дафни Кин, Бойд Холбрук, Стивен Мерчант ва дигарон иҷро намудаанд. Логан бори дигар мушобеҳи ҳаводиси қаблию гузашта бо тамоми ҳастии худ аз маҳорату малакааш ба хотири наҷот додани одаму олам аз дасти девҳои аҳримансиришти заҳҳокниҳод истифода мебарад. Соли 2024-ум олами Мутантҳоро ҳолати нобудшавӣ фаро гирифтааст. Расамаха дар ҳолати барқароршавии организми худ қарор дорад ва дигар дар худ ояндаеро дидан намехоҳад. Роҳбари гурӯҳи одамони икс мехоҳад, ки Логанро бори дигар ба олами аслӣ ва ширкати худ баргардонад. Маҳз ба ҳамин хотир Профессор Чарлз Ксаверро маҷбур месозанд то хоҳиши онҳоро амалӣ гардонад. Профессор дар ҳолати бемории номаълуме қарор дорад ва ӯ ба воситаи духтарчае бо номи Лора, ки ниҳоят пурқударту тавоност Логанро ба олами аслии худ бори дигар мехоҳад баргардонад. Гурӯҳи номаълуме Лораро меёбанду мехоҳанд зиндонӣ кунанд. Қаҳрамони асосиии филмро саргузашти даҳшатбор ва душманони бадандеш интизор аст. Филми ҳунарии «Логан» бо зерунвони «Вақти ӯ фаро расид» соли 2017-ум дар Амрико аз ҷониби ширкати синамосозии «Марвел комикс» ва «Фокс қарни 20» дар жанромезишҳои тахайюлӣ-афсонавӣ, триллери ҷангӣ ва саргузашӣ бо харҷи 127 млн доллар наворбардорӣ шудааст. Роғибони бад-ин гуна филмҳоро асосан табааи синамодӯстдори давлатҳое чун Амрико, Испания, Австрия, Британияи Кабир ва кишварҳои муштаракулманофеъ ташкил медиҳанд. Аз нигоҳи замонсанҷӣ филми номбурда, 117 дақиқаро ба таркиб дорад.