01:34, 17 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Филми «Муҳофизон» аввалин филми тахайюлии истеҳсоли Россия

Дар ҳафтаи навин филми ҳунарии «Муҳофизон» бо зерунвони «Дастаи қаҳрамонҳои Шӯравӣ»

дар пардаи синамоӣ ҷаҳонӣ ҷилва мезанад. Филми мазкурро коргардон Сарик Андреасян аз рӯйи филмномаи Андрей Гаврилов рӯйи навор оварда, продюсерии онро Сарик Андреасян, Гевонд Андреасян ва чандеи дигар бар уҳда доштанд. Нақшҳои асосиро дар ин филм: Антон Пампушний, Санжар Мади, Себастян Сисак, Алина Ланина, Станислав Ширин ва дигарон иҷро намудаанд. Филм дар бораи саргузашти қаҳрамонони беҳамто ва замони ҷанги сард миёни давлати Шӯравӣ ва Амрико ҳикоят мекунад. Олмиони махсус дар зери барномаи навини худ бо номи «Патриот» чор нафар ҷосусони махсусеро омода месозанд, ки ҳар яке онҳо қувваҳои мухсуси табиии худро доранд. Масалан яке аз онҳо худро ба оташ табдил дода, дигаре метавонад худро ба сояе табдил диҳад, ки мисли бод ҳаракат мекунад. Яке дигараш куввае дорад, ки сангҳоро ба мисли оҳанрабо бар худ мекашад ва нафари чорумаш ба монанди хирси бадҳайбате табдил меёбад, ки ин тамошобинро дар ҳайрат мемонад. Ин ҳолат пеш аз ҳама наздикони онҳо ва сокинони макони зисташонро дар ҳайрату тарс меорад. Дар ин миён гурӯҳи масуси зараоваре мехоҳанд, ки сокинони сайёраи Заминро ба воситаи технологияи махсус ва нурҳои зиёновари кимиёвӣ дучори хатар гардонад. Акнун заминро боз ҳамон чоргонаи бенадид ҳифз кардан мехоҳанд, ҳатто бо арзиши ҷони худ. Филми ҳунарии «Муҳофизон» бо зерунвони «Дастаи қаҳрамонҳои Шӯравӣ» соли 2017 дар Россия аз ҷониби ширкатҳои синамосозии «Енҷой Мовис» дар жанрҳои тахайюлӣ- афсонавӣ, саргузаштӣ ва триллери ҷангӣ бо маблағи 10 млн доллар наворбардорӣ шудааст. Давомнокии филм 100 дақиқаро дарбар мегирад. Мухлисону алоқамандони бад-ин гуна филмҳоро асосан шарвандони синамопарасти давлатҳое чун Армения, Италия, Фаронса, Амрико ва кишварҳои муштаракулманофеъ ташкил медиҳанд. Филм дар аксар мамолики дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистони азизи мо ҳам аз Кинотеатри 3D-и Наврӯз дар ҳоли намоиш умум қарор дорад.