15:39, 24 Июли 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Боздошти 15 нафар бо гумони даст доштан дар ғорати Ким Кардашян

Кормандони мақомоти полиси Франсия 15 нафарро бо гумони даст доштан

дар ҳодисаи ғорати Ким Кардашян - ситораи машҳури шоу барномаҳо ва тарроҳи амрикоӣ боздошт карданд. Ҳамла ба Ким Кардашян 2-юми октябри соли гузашта дар пойтахти Франсия - шаҳри Париж сурат гирифт. Ин ситораи машҳури Амрико барои ширкат дар «Ҳафтаи муди Париж» ба Франсия омада буд. Тибқи маълумот панҷ ғоратгар бо либоси кормандони мақомоти полис ба меҳмонхонае, ки ӯ ихтиёр карда буд, ворид шуда, бо таҳдид дасту пойяшро бастанд. Сипас, аз ӯ ҷавоҳирот ва дигар ашёи қимматбаҳоро дар ҳаҷми 9 миллион евро рабуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд. Амалиёт оид ба боздошти гумонбарон 9-уми январ дар чанд ноҳияи шаҳри Париж роҳандозӣ гардид. Ким Кардашян пас аз ин ҳодиса ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргашта, то кунун ӯро 20 муҳофиз ҳамроҳӣ мекунад.