17:33, 21 Сентябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Филми «Асасин Кред» сӯхтадилони бозии компютерии «Асасин»-ро гароянда сохт

Дар ҳафтаи равон филми истеҳсоли Амрико бо номи «Асасин Кред»

бо унвони «Хуш омадед ба Испания» дар ҷадвали ширкати тиҷоратии синамоии «Box office» бо фурӯши 42 млн доллар мақоми аввалро аз они худ намуд. Қаҳрамони асосии филми ҳунарии тахайюливу илмии Асасин дар асоси маъруфтарин бозии силсилавии компютерӣ бо номи «Асасин Кред», соқӣ бо номи Каллум Линч гирифта шудааст. Каллум Линч аз ҷониби як корхонаи бузурги махфӣ барои гузаронидани як таҷрибаи махсус рабуда мешавад. Номбрударо ба як дастгоҳе бо номи Анимус ворид мекунанд, ки дар натиҷа дар хотироташ таърихи зиндагие, ки гӯё ӯ дар асри 15 дар кишвари Испания ҳамчун як қаҳрамони нотарсу машҳуре бо номи Агилар дар ҳамон аср пайдо мешавад. Бо доштани ҳиссиётҳои далериву ҷасурӣ ва илму тафаккури арзандааш Линч бояд ҷойи пинҳоннамудаи себи муаммоангезе, ки дар он садҳо сири махфӣ сабт шудааст пайдо намояду ба ин корхонаи махфӣ биёрад. Ин себ дорои хислатҳои нотакорор буда, ба воситаи он метавон бисёр аз саҳнаи таърихиро тағйир дод. Ин гурӯҳ мақсад доранд, ки асрҳои гузаштаро мувофики табъи дили худ дигаргун созанд. Ҳодисаҳои дигарро ҳангоми тамошои филм мушоҳида мекунед. Филми «Асасин Кред» аз ҷониби коргардон Ҷастин Курзел аз рӯйи филмномаи Майкл Лессли, Адам Купер ва бо продюссерии Маркус Барметтлер, Жан-Жюлен Барон ва дигарон офарида шудааст. Нақшҳои асосиро дар ин филм: Майкл Фассбендер, Марион Котийяр, Ҷереми Айронс, Брендан Глисон, Ариана Лабед ва дигарон иҷро намудаанд. Филми ҳунарии «Асасин Кред» бо унвони « Хуш омадед ба Испания» соли 2017 дар Амрико, Британияи Кабир, Гонконг ва Франсия аз ҷониби ширкати синамосозии «Фокс қарни 20» ва «Юбисофт пикчерз» дар жанрҳои тахайюлӣ- илмӣ, драмаи ҳаётӣ, ҷангӣ ва саргузаштӣ ва бо маблағи 125 млн доллар наворбардорӣ шуда то имрӯз зиёда аз $200 млн ба хазинаи худ суди соф овардааст. Инчунин ҷавшани ҷангии Асасинро тавассути дастбофӣ дар муддати се моҳ сохтаанд, ки ин дар таърихи синамо беҳтарин ҷавшан ба ҳисоб меравад. Бисёр аз ҳаводорони филмро раъияти давлатҳои Амрико , Испания, Австрия, Фаронса ва давлатҳои муштаракулманофеъ дар бар мегирад. Ҳаҷми умумии филм 115 дақиқаро ташкил мекунад. Филми мазкур аз бисёр кишварҳои олам, инчунин аз Тоҷикистони азизи мо ҳам мавриди намоиши умум қарор дорад.