10:14, 30 Апрели 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Филми аниматсионии «Маликаи барфӣ» пардаи синаморо боз кард

Ҷазобтарин филми аниматсионӣ - «Маликаи барфӣ»

бо унвони «Зиндагӣ афсонавист» рӯйи саҳнаи синамо омад. Филми мазкур аз ҷониби коргардон Алексей Тситсилин аз рӯйи филмномаи Роберт Ленс, Владимир Николаев ва бо продюссерии Юрий Москвин, Владимир Николаев таҳия гардид. Нақшҳои асосиро дар ин филм: Наталия Бистрова, Филипп Лебедев, Александр Груздев, Олга Зубкова ва дигарон иҷро намудаанд. Достони филм чунин оғоз мешавад: «Қаҳрамони асосии филм бо номи Герт, ки ниҳоят зебо ҷасуру далер ва равшанфикр аст, тамошобинро ба ҳайрат меоварад. Дар ин қисм ӯ барои раҳоии падару модари худ аз асорати боди шимолӣ мубориза мебарад ва дар ин саёҳати худ ӯ сангҳои қимматбаҳои ях ва оташро пайдо мекунад. Аммо бар акси кор он сангҳо бояд ҳамаи хоҳишҳои ӯро иҷро кунанд ва ба қуввае мубадал мегарданд, ки тамоми сарзамини зебову шоҳигарии афсонаивиро хатари аз байн бурдан фаро мегирад. Акнун Гердаи ҷасуру нотарс маҷбур мешавад, ки бори дигар ин сарзамини афсонавиро аз хатар дур сохта ва волидайнашро озод намуда, дар ин сарзамин сулҳу амониро барқарор созад». Филми аниматсионии «Маликаи барфӣ» бо унвони «Зиндагӣ афсонавист» соли 2016 дар дар Руссия ва Хитой аз ҷониби ширкати синамосозии «Визарт анимейшн» дар жанрҳои тахайюлӣ, саргузашӣ, ҷангӣ ва оилавӣ бо маблағи зиёда аз 16 млн наворбардорӣ шудааст. Ҳаҷми умумии филм 89 дақиқаро ташкил мекунад.