08:29, 23 Июни 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Филми Мусофирон: «достони ошиқонаи Крис ва Аврора»

Бо фурӯши $55 млн филми ҳунарии «Мусофирон» бо унвони «На ҳама чиз тасодуфист»

тавонист ҷоqи аввали ширкати тиҷоратии синамоии «Box office»-ро аз они худ кунад. Филми мазкур аз ҷониби коргардон - Мортен Тилдум аз рӯйи филмномаи - Ҷон Спэйтс ва бо продюссерии - Грег Бассер, Грег Бакстер ва дигарон таҳия гардид. Нақшҳои асосиро дар ин филм: Ҷеннифер Лоуренс, Крис Пратт, Майкл Шин, Лоренс Фишбёрн, Энди Гарсиа ва дигарон иҷро намудаанд. Достони филм дар бораи саргузашти кайҳоннавардон ва дунёи тахайюлие ҳикоятгарӣ мекунад. Дар дохили киштии кайҳонии Старип Авалон 5000 мусофир дар куттиҳои махсус, ки заминро тарк намуда ба як сайёраи дур равонанд барои тамошобин тасвир дода мешавад. Вале ба таври ногаҳонӣ ду куттии он кушода мешавад, ки дар онҷо марди ҷасуре бо номи Ҷим Престон ва духтари зебое бо номи Аврора Дан пеш аз муҳлат, яъне 90 сол кабл аз вақти ҷудошуда бедор мегарданд. Ин ду қаҳрамони асосии филм дар киштии кайҳонӣ маҷбур мешаванд, ки ба шароити онҷо мутобиқ шуда зиндагонӣ намоянд. Дар миёни онҳо ишқу муҳаббати асиле пайдо мешаваду якдигарро дӯст медоранд. Вале шодии ин ду дилдода дер давом накарда баъд аз садамаи ногаҳоние онҳо мефаҳманд, ки кадом қуввае ин ду ҷуфтро аз хоб бедор намудааст то ин хатарро аз киштии қайҳонӣ дур созанд. Аммо дар осмони беканор, ки киштии онҳоро оташ фаро мегирад Крис ва Аврораи ошиқ зинда мемонанд ё не баъди тамошои филм маълум хоҳед кард. Филми ҳунарии «Мусофирон» бо унвони «На ҳама чиз тасодуфист» соли 2016 дар дар Амрико аз ҷониби ширкати синамосозии « Columbia Pictures » ва «Кампания филмс» дар жанрҳои тахайюлӣ-афсонаӣ, драмаи ҳаётӣ ва саргузаштӣ бомаблағи 110 млн доллар наворбардорӣ шудааст. Ин филм то имрӯз зиёда аз 177 млн доллар ба хазинаи худ суди соф овардааст. Ҳаҷми умумии филм 116 дақиқаро ташкил мекунад. Филми мазкур аз бисёр кишварҳои олам ва аз Тоҷикистони азизи мо ҳам мавриди намоиши умум қарор дорад.