10:54, 25 Марти 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Филми «Ҷанги ситорагон: таърих» парда аз саҳнаи синамо бардошт

Филми ҳунарии «Ҷанги ситорагон: таърих» таҳти унвони

«Умед дар дили шӯришгарон» парда аз саҳнаи синамо бардошт. Филми мазкурро коргардони шинохта - Гарет Эдвардс дар асоси филмномаи Крис Вайтс, Тони Гилрой ва бо корсозии Саймон Эмануэл, Кэтлин Кеннеди ва дигарон таҳия кард. Нақшҳои асосиро дар ин филми ҷолиби ҳунарӣ ҳунарпешаҳои нотакрори соҳибистеъдод: Фелисити Ҷонс, Мадс Миккелсен, Форест Уитакер, Алан Тюдик, Риз Ахмад ва дигарон иҷро намудаанд. Достони филм ҳодисаҳои эпизоди чоруми қисми гузаштаи филми ҳунарии «Ҷанги ситарогон»-ро тасвир мекунад, ки аз дигар сайёраҳо душманони марговар ба ҳамдигар ногаҳонӣ ҳамла мекунанд. Гурӯҳи пурқувватарини он замон бо номи Империя бошишгоҳи нави замонавии ҳарбиеро месозанд, ки қудрати нест кардани тамоми ситорагонро дорад. Қаҳрамони асосии филм Алянс, ки ниҳоят чусту чолок ва рустамсифат аст, дар ин муборизаи хунину даҳшатангез вобаста мешавад. Гурӯҳи махсуси ҷанговарони халқиро ҷамъ мекунад ва мехоҳад сари роҳи Империя барояд то ситораҳои дури сайёраро ба нестӣ набаранд. Алянс медонад, ки бар зидди Империя чангидан ин худкушӣ аст ва ӯ маҷбур аст, ки барои наҷоти худ ва қавми хеш ҷони худро нисор созад. «Ҷанги ситорагон: таърих» таҳти унвони «Умед дар дили шӯришгарон» соли 2016-ум дар Амрико аз ҷониби ширкати синамосозии «Уолт дисней» ва «Лукасфилм» дар жанромезишҳои тахайюлӣ-ҷангӣ ва саргузашӣ бо харҷи тақрибан 190 доллар наворбардорӣ гардидааст. Аз нигоҳи замонсанҷӣ филми номбурда 133 дақиқаро ба таркиб дорад.