23:03, 20 Январи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Январ 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Филми «Олами дигар» бо маблағи $60 млн наворбардорӣ ва мавриди намоиш қарор гирифт

Дар ҳафтаи навин филми ҳунарии «Олами дигар» бо унвони «Муборизаи хунин»

бо фурӯши 20 млн доллар дар ҷадвали нуфузсанҷии соҳаи тиҷорати синамоии «Бокс офис» мақоми аввалро ишғол намуд. Достони филм саргузашти ғарибу ғалатии қаҳрамондухтари афсонавии дандондор бо номи Селен, ки бори дигар ба ҷангҳои тахайюливу марговар бармегардад, ҳикоят мекунад. Қаҳрамони асосии филм ин дафъа бо душмани навбатии худ бо номи Мариус, ки сарварии гурӯҳи гургони афсонавиро бар душ дорад, оғоз мекунад. Мариус максад дорад хуни духтари Селенро ҳамчун дору дар бадани худ гузаронад то ки асрҳои зиёд дар сайёраи Замин зиндагонӣ кунад. Селен аз ҷониби яке аз пирони таҷрибадори гурӯҳи дандондорон Томас ва писараш Девид ҳамеша кумак мегирад. Қаҳрамони филм бо ёрии онҳо бар зидди душманонаш муқовимати бузургеро нишон медиҳад. Мақсади асосии ӯ ҳифз ва тарбия намудани фарзанди азизаш мебошад. Анна Ферстер коргардони филм аввалин занест, ки қисми панҷуми филми силсилавии «Олами дигар»-ро коргардонӣ мекунад. Филми мазкур аз филмномаи Кори Гудман, Кайл Уорд ва бо корфармоии Дэвид Керн, Гари Лучези дар ҳамдастӣ бо чанд тан аз ҳаммаслакони дигар офарида шуд. Нақшҳои асосиро дар ин филм: Кейт Бекинсейл, Тео Ҷеймс, Лара Пулвер, Чарлз Дэнс ва дигарон иҷро кардаанд. «Олами дигар» бо унвони «Муборизаи хунин» соли 2016-ум дар Амрико аз ҷониби ширкати синамосозии «Сони» ва «Скрен Гемс» дар жанрҳои ҷангӣ-тахайюлӣ ва саргузаштӣ бо маблағи тақрибан 60 млн доллар наворбардорӣ шудааст. То имрӯз аз намоиши он дар тамоми ҷаҳон зиёда 43 млн доллар суди соф ба даст омадааст. Филм дар маҷмӯъ 92 дақиқа тӯл мекашад. Филми мазкур аз бисёр кишварҳои дунё инчунин аз Тоҷикистони мо ҳам мавриди намоиши умум қарор дорад.