05:02, 25 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Филми аниматсионии «Моана» пардаи синаморо боз мекунад

Филми аниматсионии «Моана» бо унвони «даъвати уқёнус» рӯйи саҳнаи синамо меояд.

Филм дар бораи ҳодисаҳои солҳои дури сайёраи Замин, тахминан 2000 сол пеш духтараки далеру ҷасур, фарзанди баҳр ва ниҳоят донову зебо бо номи Моана дар як ҷазираи уқёнуси Ором умр ба сар мебарад, ҳикоят мекунад. Моана дар сар фикрҳои афсонавии зиёде дорад. Ӯ барои амали намудани андешаҳои худ дар уқёнуси бекарон бо киштича ва парчами махсуси хеш ба сафари дуру дароз мебарояд. Каҳрамони филм дар роҳ бо яке аз калонтарин ҷонварони баҳрӣ ошно мегардад, ки ин ҳолат ӯро ба тааҷҷуб меоварад. Моана дар идомаи сафар ба дунёи афсонавии худ вомехӯрад, ки дар зери об қаҳрамонҳои фолклорӣ умр ба сар мебаранд, аммо барои назди онҳо рафтан ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мешавад. Филми аниматсионии «Моана» бо унвони «даъвати уқёнус» дар Амрико дар жанрҳои аниматсионӣ, тахайюлӣ -саргузаштӣ ва ҷангӣ аз ҷониби ширкати синамосозии «Уолт дисней пикчерз» бо маблағи 100 млн доллар наворбардорӣ шудааст. Нақшҳои асосиро дар ин филм Дуэйн Ҷонсон, Аули Кравалхо, Рэйчел Хаус, Алан Тюдик, Оскар Кайтли ва дигарон иҷро намудаанд. Филми мазкур аз ҷониби коргардон Рон Клементс аз рӯйи филмномаи Ҷаред Буш, Рон Клементс ва бо продюссерии Ҷон Лассетер, Оснат Шурер ва дигарон таҳия гардидааст. Ҳаҷми умумии филм 113 дақиқаро ташкил мекунад. Филми мазкур аз бисёр кишварҳои олам, инчунин аз Тоҷикистони азизи мо ҳам мавриди намоиши умум қарор хоҳад гирифт.