08:11, 24 Сентябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Филми «Ҷондорони бадҳайбат ва ҷойи зисти онҳо» пардаи синаморо боз кард

Ин навбат ҷойи аввалро дар ширкати нуфузсанҷии тиҷоратии синамоии «Бокс офис»

бо фурӯши 20 млн доллар филми ҳунарии «Ҷондорони бадҳайбат ва ҷойи зисти онҳо» аз они худ кард. Филми мазкур аз ҷониби коргардон - Дэвид Йейтс аз рӯйи филмномаи - Роулинг ва бо продюссерии -Дэвид Хейман, Стивен Кловз ва дигарон рӯйи навор омад. Нақшҳои асосиро дар ин филм Эдди Редмэйн, Ҷонни Депп, Колин Фаррелл, Ҷемма Чан, Эзра Миллер ва дигарон иҷро намудаанд. Филм дар бораи рӯзгори яке аз машҳуртарин сеҳргари афсонавии дунё - Нют Скамандер қисса мекунад. Достони филми коргардон Девид Йэтса, ҳодисаҳои 65 сол кабл аз зиндагонии писарбачаи сеҳргаре бо номи Гари Потерро нишон медиҳад. Соли 1926 аз сумкаи сеҳрнок - қаҳрамони асосии филм Скамандер, ки коргари махсуси вазорати сеҳргарони Британияи Кабир буд, ҷонварони бадҳайбате, ки ба воситаи ҷоду дар сумкаи худ ҷойгир карда буд ба озодӣ мебароянд ва дар шаҳр бетартибиҳо сар мезанад. Ба ин хотир ӯ аз ҷониби коргари вазорати Сеҳргарони Амрико Грейвс мавриди таҳқир қарор мегирад. Мақсади асосии Грейвс куштани Скамандер мебошад. Дар шаҳр гурӯҳи махсусе бо номи «Салеми нав» мавҷуд аст, ки аз одамони оддӣ иборатанд ва бо ин баҳона мехоҳанд тамоми сеҳргаронро бикушанд ва мақсади чандинсолаашонро амалӣ созанд. Скамандер бояд барои наҷоти худ тамоми ҷондорони бадҳайбатро аз сари нав ба сумкачаи сеҳрноки худ ҷойгир созад. Оё қаҳрамони филм метавонад ҷонварони бадҳайбати худро дигарбора вориди сумкааш кунад? Ин ҳолатро баъди тамошои филм муайян хоҳед кард. Филми ҳунарии «Ҷондорони бадҳайбат ва ҷойи зисти онҳо» соли 2016 дар Британияи Кабир ва Амрико дар жанрҳои драмаи афсонавӣ, ҷангӣ-саргузаштӣ аз ҷонниби ширкати синамосозии «Бародарон Ворнер» бо маблағи 180 млн доллар наворбардорӣ шудааст. Филми мазкур то имрӯз 200 млн доллар ба хазинаи худ суди соф овардааст. Ҳаҷми умумии филм 133 дақиқаро ташкил мекунад. Филми мазкур дар бисёр кишварҳои олам, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам мавриди намоиши умум қарор дорад.