15:46, 24 Июли 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Мақоми дуюми филми «Дар қаҳри баҳр» дар ҷадвали “Бокс-офис”

Филми ҳунарии «Дар қаҳри баҳр» бо зерунвони «Қаҳрамони ҳақиқӣ»

бо фурӯши 11 млн доллар дар ҷадвали нуфузсанҷии муассисаи тиҷоратии синамо - «Бокс офис» мақоми дуюмро ишғол намуд. Филми мазкурро коргардон Питер Берг офаридааст. Филмномаро Мэттю Сэнд, бо ҳамроҳи Мэттю Майкл навиштааст. Продюссерони филм Лорентсо Ди Бонавентура, Марк Вахрадян ва чанд тан аз ҳаммаслакони дигари онҳо мебошанд. Нақшҳои асосиро дар ин филм: Марк Уолберг, Курт Рассел, Ҷон Малкович, Ҷина Родригез ва дигарон бозидаанд. Филм дар асоси воқеияти асосии зиндагии инсонӣ ба навор гирифта шудааст. Достони филм чунин оғоз мешавад: «Қаҳрамони филм бо номи Майк зану фарзандонашро бениҳоят дӯст медорад. Ӯ дар як кони нефтии зерии обие ба хайси муҳандис кор мекунад.. Майк пеш аз сафар бо ҳамроҳии ҳамкоронаш ба киштии зериобиашон бо оилаҳои худ хайру хуш мекунанд, аммо ҳеҷ гоҳ фикр намекарданд, ки дигар ба хона барнамегарданд. Соли 2010 дар халиҷи баҳрии Мексико онҳо ба садамаи нафтие рӯ ба рӯ мешаванд, ки дар он садҳо донишмандони ин соҳа ба ҳалокат мерасанд. Филми ҳунарии «Дар қаҳри баҳр» бо зерунвони «Қаҳрамони ҳақиқӣ» соли 2016-ум дар Амрико ва Мексико аз ҷониби ширкати синамосозии «Самит Интертаймент пикчерз» дар жанрҳои драмаи ҳаётӣ, оилавӣ ва саргузаштӣ бо маблағи 110 млн доллар наворбардорӣ шудааст. То имрӯз аз намоиши он дар тамоми ҷаҳон тақрибан 166 млн доллар даромад ба даст омадааст. Филм дар маҷмӯъ 107 дақиқа тӯл мекашад.