19:18, 20 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Филми «Бозгашт» бозгукунандаи хиёнати дӯст аст

Филми амрикоӣ бо номи «Бозгашт» бо унвони «То охирин қатраи хун»

бо фурӯши 53 млн доллар мақоми аввалро дар ҷадвали «Бокс офис» аз они худ намуд. Филми мазкур аз ҷониби коргардон Алехандро Гонсалес аз рӯи филмномаи Марк Смит, Майкл Панке ва бо продюссерии Стив Голин, Дэвид Кантер ва дигарон рӯи саҳна омадааст. Нақшҳои асосиро дар ин филм: Леонардо ДиКаприо, Том Харди, Донал Глисон, Уилл Поултер ва дигарон иҷро намудаанд. Достони филм чунин оғоз мешавад: Шикорчии машҳуре Хю Гласс ва яке аз дӯстони наздикаш бо номи Ҷон Фитсжералд барои кашф ва дарёфти заминҳои нав ба сафар мебароянд, ҳикоят мекунад. Дар яке аз ҷангалҳои то ҳол муайяннашудаи қисмати ғарбии Амрико Хю ҷароҳати вазнин мебардорад. Дӯсташ ин ҳолатро дида, ӯро дар ин ҷангали анбуҳ, ки ниҳоят сарду марговар аст, танҳо монда меравад. Акнун Хю-ро танҳо як роҳ барои наҷот аз ин ин даҳшат боқӣ мондааст-боварӣ ба худ ва муборизаи шадид барои зинда мондан. Ӯ омодааст, ки барои ҳифзи ҷони худ бар зидди ваҳшитарин ҳайвонҳо, ҳиндуёни таҳҷоии амрикоӣ, ки ҷангалнишин ҳастанд дар сардии зимистони қаҳратун биҷангад. Хю дар дил ду мақсади асосӣ дорад- зинда монаду қасоси худро аз дӯсти хиёнаткораш биситонад. Филми ҳунарии «Бозгашт» бо унвони «То охирин қатраи хун» соли 2016 дар Амрико аз ҷониби ширкати синамосозии «Фокс қарни 20» дар жанрҳои драмаи ҳаётӣ, трилери ҷангӣ ва саргузаштӣ ва бо маблағи 135 млн доллар наворбардорӣ шуда, то имрӯз зиёда аз 224 млн доллар ба хазинаи худ суди соф овардааст. Бисёр аз ҳаводорони ин филмро раъяти давлатҳои Амрико, Испания, Австрия ва давлатҳои муштаракулманофеъ дар бар мегирад. Ҳаҷми умумии филм 156 дақиқаро ташкил мекунад. Филми мазкур аз бисёр кишварҳои олам мавриди намоиши умум қарор дорад.