20:10, 19 Апрели 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Чорабинии сатҳи баланди ҳайати Тоҷикистон дар СММ таҳти унвони «Ҳамбастагӣ байни об ва иқлим»

27 марти соли 2019 дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк бо ибтикори ҳайати Тоҷикистон дар СММ

чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ байни об ва иқлим» баргузор гардид. Чорабинии мазкур, ки дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои Канада, Япония, Мексика, Марокаш, Россия, Сингапур, Швейтсария, Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва ниҳоди СММ-Об доир шуд, намояндагон ва мутахассисони зиёда аз 130 кишвари аъзои СММ ва созмонҳои байналмилалиро гирди ҳам овард. Чорабинӣ бо суханони Раиси Иҷлосияи 73-юми Маҷмаи Умумии СММ Мария Эспиноза оғоз гардид. Дар рафти маросими мазкур ҳамчунин Сарвазири Фиҷи Вореге Байнимарама, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Фиристодаи вежаи Дабири кулли СММ оид ба Саммити иқлим Луис Алфонсо де Алба, Муовини вазири энергетика, канданиҳои фоиданок ва рушди устувори Марокаш ва дигар шахсони расмӣ суханронӣ намуданд. Чорабинӣ дар ҳошияи ду панел дар мавзӯъҳои «Амалҳо дар соҳаи обу иқлим» ва «Воситаҳои татбиқ» бо гузоришҳои ҷолиби намояндагони кишварҳои аъзо ва ниҳодҳои мухталифи СММ, аз ҷумла Вазири муҳити зисти Малдив Ҳуссайн Рашид Ҳассан, Вазири муҳити зисти Миср Ясмин Фуад, Вазири муҳити зисти Италия Серҷио Коста, Муовини вазири корҳои хориҷии Мексика Марта Делгадо ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, ЮНЕСКО, Донишгоҳи СММ, Майкрософт ва дигар идома ёфт. Мизи мудаввари аввал таҳти раисии С. Муҳриддин доир гардид. Зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба афзоиши назарраси офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки сабаби зарар дидани аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар мегарданд, таъкид намуд. Сироҷиддин Муҳриддин инчунин аз афзоиши таъсири тағйирёбии иқлим ба обшавии миқдори зиёди пиряхҳо ёдовар гардид. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз намояндагони кишварҳои аъзои СММ ҷиҳати дастгирӣ намудани раванди амалисозии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” даъват ба амал овард.