00:50, 26 Марти 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Тоҷикистону Қатар бо терроризм ва экстремизм муборизаи якҷоя хоҳанд бурд

16-18 феврали соли равон бо даъвати расмии Сарвазир-Вазири корҳои дохилии Давлати Қатар

Шайх Абдулло бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ба шаҳри Доҳаи Давлати Қатар сафар намуд. Дар ин сафар Рамазон Раҳимзода бо Сарвазир- Вазири корҳои дохилӣ, Прокурори генералӣ, Намояндаи махсуси Давлати Қатар оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва роҳбарияти Коллеҷи полиси Давлати Қатар мулоқот намуда, аз Кумитаи тадорукоти Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол — 2022 боздид ба амал овард. «Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воломақоми қудратии Давлати Қатар ҳамкории дуҷонибаро дар самти таъмини амният, тартиботи ҷамъиятӣ, муборизаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм, ифротгароии хушунатомез, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои замони муосир мавриди муҳокима қарор дод», — илова намуд манбаъ. Зимнан, бояд гуфт, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қатар моҳи декабри соли 1994 барқарор шудаанд. Заминаи ҳуқуқии ҳамкории ҳарду мамлакатро созишномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ташкил медиҳанд. Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни сафари мазкур бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ байни Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Коллеҷи полиси Давлати Қатар Протоколи ҳамкорӣ дар соҳаи таълимоти полисӣ ба имзо расид.