01:09, 26 Марти 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Лондон: Баррасии ҳамкориҳо дар самти алоқаи ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ

Дар Лондон вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори кишвар дар

Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Масуд Халифазода бо Тамара Гудвин – муовини Сарраёти хадамоти авиатсионӣ ва Саманта Шеридан – роҳбари бахши ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати нақлиёти Британияи Кабир баргузор шуд. Зимни вохӯрӣ мавзӯҳо вобаста ба имзо намудани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муттаҳидаи Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла мустаҳкам кардани паркҳои ҳавопаймоии ширкатҳои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.