07:02, 22 Октябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ НИЗОМИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН

Дар доираи баргузории машқҳои низомии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон

дар гарнизони вилояти Суғд Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Абдусалом Азизовро пешвоз гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимов иттилоъ дод. Дар назар аст, ки вазирони мудофиаи ду кишвар — Шералӣ Мирзо ва Абдусалом Азизов қисми ҷамъбастии тамрини ҳарбиён — «Бародарии шикастнопазир-2018»-ро назорат карда, ба он хотима мебахшанд. «Аз 18 то 21 сентябр дар гарнизони вилояти Суғд машқҳои мукаммал бо ҷалби қувваҳову воситаҳои гарнизони Суғд баргузор шуданд, ки дар он аз се навъи қӯшунҳои низомии Вазорати дифоъ – хушкигард, бригадаи десантӣ, неруҳои ҳавоӣ, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, аз қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок намуданд. Дар машқҳои муштарак ҳудуди 17 ҳазор низомиён ва 100 техникаи ҳарбию 300 техникаи хоҷагӣ сафарбар шуда буданд. Давоми 27 соли истиқлолияти давлатӣ бори аввал аст, ки миёни артишҳои миллии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон машқҳои муштарак баргузор мегарданд»,-иброз намуд Ориф Нозимов. Ҳадафи ташкили машқҳои низомии муштарак табодули таҷриба ва ҳамкории судманд арзёбӣ карда мешавад. Дар назар аст, ки имрӯз маросими ҷамбасти машқҳо баргузор гардида, иштирокчиёни фаъоли машқҳои муштарак бо ифтихорномаҳову туҳфаҳои ҳам Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Вазорати мудофиаи Ҷумҳрии Ӯзбекистон қадрдонӣ карда шаванд. Ёдовар мешавем, ки тамринҳои муштараки низомии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар партави сиёсати бародарона ва дӯстонаи сарони ду давлат- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор карда шуданд.