16:56, 19 Октябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Душанбе оид ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои бахши гумрукӣ мулоқот доир гардид

12 июл дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Азим Турсунзода ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Петер Олтерс баргузор шуд. Дар мулоқот ҷонибҳо дар баробари баррасии масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои бахши гумрукӣ, инчунин оид ба ҷараёни амалишавии лоиҳаи «Ҳисобот оид ба самтҳои фаъолияти гумрукӣ» табодули назар намуданд. Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода аз ҳамкории мутақобилаи судманд бо Бонки ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам вусъат бахшидани муносибатҳои дуҷонибаи муфид дар самти фаъолияти гумрукӣ изҳори ҳавасмандӣ кард. Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Петер Олтерс омодагии хешро барои вусъат бахшидани муносибатҳои ҳамкорӣ дар оянда изҳор карда, татбиқи лоиҳаҳои муштаракро ҷиҳати устувор намудани фаъолияти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Зимни суханронӣ Ян Петер Олтерс ҳамзамон оид ба мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли он, кумаки техникӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони Хадамоти гумрук ибрози назар намуд.