00:50, 22 Ноябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Пагоҳ дар пойтахт иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум баргузор мегардад

11-июл иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум баргузор мегардад.

Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Ба рӯзномаи иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум масъалаҳои зерин дохил карда шуданд: гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №№ 15, 20 ва 53; дар бораи ҷараёни татбиқи барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба ҳолати рушди соҳаи саноат, фаъолияти соҳибкорӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба таъмини рушди устувори иқтисодии шаҳри Душанбе; дар бораи рафти татбиқи барномаву нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи фарҳанг, ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода оид ба раванди иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бобати ташкили корҳои ободонию зебоигардонӣ, шинонидани дарахт, гиёҳҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе. Дар ин робита аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум хоҳиш шуда буд, ки то 10 июли соли 2018 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд. Хотиррасон менамоем, ки иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум 11 июли соли 2018, соати 09:00 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 80 даъват карда мешавад.