21:10, 21 Сентябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ дар расми ифтитоҳи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор ширкат намуд

9 июл Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов

дар маросими ифтитоҳи Форуми сиёсии сатҳи баланд (HLPF-2018), ки таҳти сарпарастии Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ЭКОСОК) доир мегардад, иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии доимии ҶТ дар СММ хабар доданд. М. Маҳмадаминов ба ҳайси Ноиби Президенти ЭКОСОК ҳамчунин яке аз сессияҳои интерактивии Форуми болозикрро таҳти унвони “Ҳадафи 6-уми рушди устувор –таъмини дастрасӣ ва мудирияти устувори об ва беҳдошт барои ҳама” раисӣ намуд. Форуми мазкур механизми асосии бисёрҷонибаи низоми СММ ҷиҳати баррасии раванди татбиқи Рӯзнома оид ба рушди устувор барои давраи то соли 2030 (Рӯзномаи 2030) ба ҳисоб меравад. Ҳадаф аз баргузории Форум мусоидат ба табодули таҷрибаи муваффақ дар ноилшавӣ ба рушди устувор мебошад.