23:06, 20 Июли 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Тоҷикистон ва СММ ҳамкориро дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» баррасӣ намуданд

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Чжэнминро 18 июн ба ҳузур пазируфт. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Вазири корҳои хориҷӣ С.Муҳриддин ба муовини Дабири кулли СММ Лю Чжэнмин барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 миннатдорӣ изҳор намуда, нақши СММ-ро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ баланд арзёбӣ кард. Зимни мулоқот масъалаҳои ҷории ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои СММ ва инчунин дурнамои ҳамкории минбаъда ва ҳамкорӣ дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Дар фарҷом Вазир аз сатҳи муносибати муштарак изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳовасмандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаи густариши ҳамкории самарабахш бо СММ дар амалисозии барномаҳое, ки барои ноилгардӣ ба ҳадафҳои рушди устувор равона шудаанд, изҳор намуд.