17:39, 18 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҳайати Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон вориди шаҳри Душанбе шуд

Субҳи имрӯз ҳайати меҳмонони Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии раиси

Хадамот Ихтиёр Абдуллоев бо сафари корӣ вориди шаҳри Душанбе гардид. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси Кумита Саймумин Ятимов пешвоз гирифтанд. Дар назар аст гуфтушунидҳои роҳбарони хадамоти махсуси ҳарду мамлакати дӯсту бародар- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар масъалаҳои мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ҳифзи сарҳадоти давлатӣ, мубодилаи иттилоот, тақвияти мубориза алайҳи хатарҳои ҷаҳонӣ сурат гирифта, Созишномаи ҳамкорӣ миёни Хадамоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзо шавад. Бояд гуфт, ки меҳмонон зимни сафари корӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос мешаванд.