16:29, 19 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Тоҷикистон ва Белорус: Аз ҳамгироӣ то ҳамшарикӣ

Тоҷикистону Белорус ду кишвари дӯст дорои муштарокоти зиёди иҷтимоию 

иқтисодӣ ва ҳамкории зичу босамар дар бештари соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ мебошанд. Сафарҳои пайвастаи сарони ду давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба кишварҳои ҳамдигар дар рушду густариши муносибатҳои дуҷониба такони ҷиддӣ мебахшанд. Тоҷикистону Белорус дар давоми бештар аз ду даҳсолаи барқарории равобити дипломатӣ ба дастовардҳои зиёд дар соҳаҳои гуногун ноил гардидаанд. Ҷумҳурии Белорус давлатест, дар Аврупои Шарқӣ. Ин кишвар аз ғарб бо Полша, аз шимолу ғарб бо Литваю Латвия, аз шарқ бо Россия ва аз ҷануб бо Украина ҳамсарҳад мебошад. Масоҳати умумии Белорус 207 ҳазору 600 километри мураббаъро дар бар гирифта, аҳолиаш тибқи маълумоти соли 2012, 10 миллион нафар мебошад. Пойтахташ шаҳри Минск буда, забони давлатиаш белорусӣ ва русӣ аст. Тибқи конститутсияи соли 1994 Белорус давлати воҳиди ҳуқуқбунёд ва ҷумҳурии президентӣ аст. Белорус узви СММ, ИДМ, Шӯрои Аврупо, САҲА ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад. Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус 5 сентябри соли 1996 тавассути мубодилаи ёддоштҳо барқарор гардидааст. Аз соли 1997 дар шаҳри Минск Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шаҳри Душанбе аз соли 2011 Сафорати Ҷумҳурии Белорус фаъолият дорад. Коршинососну мутахассисон рушди муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистону Белорусро дар марҳалаи кунунӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ мекунанд. Миёни Тоҷикистону Белорус муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба гуфти коршиносон ба рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷониба пайваста мусоидат мекунад. Мулоқоти Сарони ду кишвар воқеан анъанавӣ гардида, дар доираи чорабиниҳои минтақавӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мунтазам баргузор мегарданд, ки дар рафти онҳо дар маҷмӯъ масъалаҳои марбут ба таҳкими амният ва истиқрор дар минтақаи ИДМ баррасӣ карда мешаванд, ки ба раванди ҳамгироӣ дар минтақа такони ҷиддӣ мебахшанд. Тоҷикистону Белорус пайравони собитқадами тавсеа ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ буда, оид ба баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои самаранок дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, СААД ва дигар созмонҳои минтақавӣ, ки ҳар ду кишвар аъзои онҳо мебошанд, мавқеи яксон доранд. Ба гуфти коршиносон мавқеи ҳар ду кишвар вобаста ба аксари масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ба ҳам наздик буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус оид ба масъалаҳои узвият дар сохтори байналмилалӣ ҳамдигарро ҷонибдорӣ менамоянд. Тоҷикистону Белорус ду кишвари дӯст ва узви фаъоли созмонҳои зиёди минтақавию байналмилалӣ имрӯз ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ низ ҳавасманд мебошанд. Тибқи нишондодҳо сатҳи ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Белорус тамоюли мунтазами болоравиро доро буда, асосан дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Белорус оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки соли 1999 таъсис шудааст, баррасӣ мегарданд. Дар ҷараёни ҷаласаҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ, энергетика, таъмини техникаи мошинасозӣ, ташкили муассисаҳои муштарак оид ба васли тракторҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Робитаҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Белорус ҷиҳати ташкили таъминкунӣ бо ашёи хом, молу маҳсулоти мавриди ниёзи мардум ва инчунин инкишофи муносибатҳои миёни субеъктҳои минтақавӣ ва хоҷагидории ду давлат равона карда шудаанд. Воридот аз Белорус ба Тоҷикистонро асосан нақлиёти боркаши калони сохтмонӣ ва техникаи кӯҳкорӣ, маҳсулоти соҳаи бофандагӣ ва мебел, таҷҳизоти электрикӣ ва техникаи маишӣ, чӯб ва маҳсулоти коркарди он, чорвои зотӣ, маҳсулоти химияи ғайриорганикӣ ва дорусозӣ ташкил медиҳанд. Маҳсулоти асосии содиротшавандаро аз Тоҷикистон ба Белорус бошад, нахи пахта, пашм, меваи хушк, алюминий, тухмиҳои равғандор ва меваҳо ташкил медиҳанд. Инчунин ҷиҳати ба Тоҷикистон интиқол додани маҳсулоти корхонаи БелАЗ, МАЗ, ва МТЗ ва пешбурди онҳо ба дигар бозорҳои минтақаи Осиёи Марказӣ корҳои муайян анҷом дода шуда истодааст. Дар солҳои охир аз Белорус ба Тоҷикистон барои сохтмони иншооти энергетикӣ тақрибан 1000 адад нақлиёти боркаши калони сохтмонӣ ва таҷҳизоти истихроҷи маъдани конҳо фиристода шудааст. Душанбеву Минск рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи маорифу фарҳанг ва илм манфиатовар дониста, тайи солҳои охир ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Белорус дар ин самт низ тамоюли рушду инкишофро ба худ касб кардааст. Дар доираи ҳамкориҳои илмии миёни ду кишвар моҳи сенябри соли 2012 дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ факултаи Донишгоҳи миллии техникии Белорус фаъолияти худро оғоз намудааст. Ба муассисаҳои таҳсилоти олии Белорус ҳамасола теъдоди муайяни донишҷӯёни тоҷик фиристода мешаванд. Вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Белорус раванди мунтазами вусъатёбиро доро аст ва Душанбеву Минск ин ҳамкориҳоро дар асоси беш аз 70 санад дар соҳаҳои гуногун рушду густариш мебахшанд. Ҷараёни амалисозии кӯшишҳои сарони ду кишвар ҷиҳати боз ҳам зичтар намудани ҳамкориҳои гуногунҷанба мувофиқи имконият ва ниёзҳои мардумони ду давлат ба назар мерасанд ва сокинони ҳар ду кишвар ба ояндаи ин равобит нигоҳи нек доранд.

                                                                                                    Сафархӯҷа Ризозода сармуҳаррири идораи таҳлилӣ