15:00, 16 Октябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Фидокориву мардонагии халқи тоҷик боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои террористону ифротгароёни дохиливу хориҷӣ гирифта шавад»

«Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои 90-уми асри XX – ҳанӯз дар оғози бунёди

давлати соҳибихтиёри худ ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароён бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо қарор гирифт. Дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд», — ин нуктаро имрӯз зимни суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифродгароии хушунатомез» зикр намуданд. Бино ба суханони Пешвои миллат, он замон Тоҷикистон ба ҳамаи он ҳодисаҳои фоҷиаборе, ки имрӯзҳо дар Ироқу Сурия, Яману Афғонистон мушоҳида мешаванд, рӯ ба рӯ шуда буд. Ҳадафу нақшаҳои пасипардагиву ғаразноки саркардаҳои аслии он амалҳои харобиовар ва хоҷагону сарпарастони онҳо, ки аз ғояҳои ифротгароӣ ва террористӣ сарчашма мегирифтанд, бо роҳи зӯрӣ ва қатлу куштор ба сари мардум таҳмил кардани фарҳанги бегонаву тафаккури асримиёнагӣ ва дар Тоҷикистон таъсис додани давлати исломӣ буд. «Дар натиҷаи бесарусомониҳо ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мо кушта шуда, беш аз як миллион нафар мардуми осоишта бехонумону фирорӣ гардиданд. Бо вуҷуди ин, мо дар асоси имконоти тамаддун ва фарҳанги қадимаи хеш тавонистем, ки муколамаи васеъро ба роҳ монда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин кунем», — тазаккур доданд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамчунин Сарвари давлати тоҷикон зикр намуданд, ки фидокориву мардонагии халқи тоҷик дар ҳимояи марзу бум ва арзишҳои фарҳангу тамаддуни қадимаи хеш, иродаи қавии мардум ба сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои террористону ифротгароёни дохиливу хориҷӣ дар кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон гирифта шавад. «Бо такя ба таҷрибаи сулҳофарии худ мо баробари муборизаи беамон бар зидди терроризму ифротгароӣ тарзу усули ҳалли осоиштаи муноқишаву низоъҳои замони муосирро дар чаҳорчӯби меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътирофгардида қотеъона ҷонибдорӣ мекунем», — изҳор доштанд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.