08:54, 24 Майи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Иттиҳоди Аврупо Конфронси байналмилалии «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» дар Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд

Ҳайати баландпояи Иттиҳоди Аврупо, ҳамчун яке аз шарикон,

дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард. Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, муҳимияти муқовимати самаранокро бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез ба назар гирифта, ҳайати Иттиҳоди Аврупоро, муовини Дабири кулли Хадамоти корҳои хориҷии Аврупо оид ба масоили сиёсӣ, сафир Жан-Кристоф Беляр, Ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо дар самти мубориза бар зидди терроризм Жил де Кершов ва Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ, Сафир Петер Буриан роҳбарӣ мекунанд. Тавре Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ ва муовини Раиси Комиссияи Аврупо хонум Федерика Могеринӣ изҳор дошт: «Мо ба ҳамкорӣ бо кишварҳои шарик дар самти мубориза бар зидди терроризм аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Мо шабакаи коршиносони соҳаи зиддитеррористиро, ки дар кишварҳои калидӣ ҷойгир карда шудаанд, таъсис додаем. Инчунин, бо мақсади мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва омӯхтан аз якдигар мо бо шариконамон як зумра муколамаҳоро дар самти мубориза бар зидди терроризм ривоҷ медиҳем. Беҳтарин роҳ барои ҳалли самараноки тундгароӣ ва ифротгароӣ ин дар якҷоягӣ ва ҳамоҳангӣ кор кардан аст». Соли гузашта Шӯрои Иттиҳоди Аврупо хулосаҳо оид ба иқдомоти берунаи Иттиҳоди Аврупо дар самти мубориза бар зидди терроризмро қабул намуда, ҳама гуна шакл ва зуҳуроти террористиро новобаста кӣ ва барои чӣ онро анҷом медиҳад, қотеъона ва бечуну чаро маҳкум мекунад. Гуфта мешавад, ки ҳайати баландпояи Иттиҳоди Аврупо дар кори Конфронс ва чорабиниҳои он иштирок карда, инчунин аз сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистонро дидан менамояд.