01:52, 25 Июни 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Мулоқоти Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон

Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров

бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашшир Ҷовид Акбар мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо зикр намуданд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон бо талошҳои пайгиронаи сарони ҳарду давлат дар сатҳи хуб қарор доранд, вале захираву имконот ва шароити ҳамкориҳои истифоданашудаи миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун ҳанӯз зиёданд. Ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияти ду кишвар-Тоҷикистону Ҳиндустонро мавриди баррасӣ қарор дода, дар робита ба авзои минтақа ва ҷаҳон аз вазъи мураккаби Афғонистон изҳори наигаронӣ намуданд. Инчунин, дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳаммкории минбаъда дар самти терроризми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таҳкими сарҳадот табодули афкор намуданд. Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, масъалаи омода намудани кадрҳои баландихтисос дар донишкадаҳои низомии Ҷумҳурии Ҳиндустон, ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияти ҳарду кишвар ва минтақа баррасӣ шуданд. Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳамкории минбаъдаи ду кишвар дар соҳаи таъмини амният ва дурнамои муносибатҳоро дар таъмини амният муайян намуданд.