03:18, 10 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Бахшида ба 25 умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ

Поёнии асри 20 ум барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар саҳфаҳои таърих ҳамчун руйдоди нав шинохта ва ё дониста мешавад. Зеро

бо пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ ва оғози ҷанги сард милату халқиятҳои ҷаҳон махсусан кишварҳое, ки дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ қарор доштанд, соҳибихтиёриву соҳибдавлатии худро эълон намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 9 сентябри соли 1991 ум соҳибистиқлолияшро расман эълон намуд ва аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун иштирокчии муносибатҳои байналмилалӣ пазируфта шуд ва ин муҳимтарин дастоварди миллати тоҷик гардид. Вале ин хурсанидиву нишот дер давом накард, душманони хориҷӣ, дар миёни миллати тоҷик муноқиша барангехта, ҳаминтав ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари тозаистиқлолият таҳвил карда шуд. Азинру зарур буд, ки барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ дар кишвар, Қувваҳои мусаллаҳ дар мамлакат ташкил карда шавад. Тавре Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд «Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, раванди таъсис ва ташакулли онҳо ба марҳалаи ниҳоят мураккаби ибтидои давлатдории миллиамон рост омадааст». Дар воқеъ сарфи назар аз он, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, кишварро вазъи печидаи ҳарбию сиёсӣ ё худ муноқишаҳои байнидохилӣ фарогир буд, Тоҷикистон ба таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Бояд гуфт, ки Қувваҳоии мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ, аниқтараш 18 декабри соли 1992 аз тарафи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дар бораи таъсиси Артиши миллӣ дар майдони ҳавоии Айнӣ дар як хайма ба имзо расонида шуд, ки шароит мавҷуда онро талаб мекард ва 23 феврали соли 1993 нахустин гузашти низомии Артиши миллӣ барузор шуд. Дар рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ, аксар қисмҳои низомӣ ташкил ёфтанд ва дар ҳудудҳои гуногуни мамлакат ҷойгир карда шуданд. Ҳамзамон оиномаҳои ҳарбии Қувваҳои мусалаҳи мамлакат тартиб дода шуданд. Дар як мудати кутоҳ ҷузъу томҳои Артиши миллӣ барқарор гардида, зина ба зина бо техникаи низомӣ таъмин карда шуданд. Бояд зикр кард, ки истиқлолият барои миллати тоҷик осон ба даст омад, аммо нигоҳ доштани он хело гарон афтод. Бо вуҷуди он, ки дар соли 1992-1993 дар кишвар, даргириҳои шиддатнок идома дошт, бояд Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлолу соҳибихтиёр давлатдории худро муқаррар мекард. Сарвари давлат Кониститутсия, Ҳокимияти қонунбарор, Ҳокимияти иҷроия, Суду Прокуратура, Сохторҳои маҳаллӣ, Мақомоти давлатӣ, Артиши миллӣ ва ғайраҳоро таъсис доданд. Гуфтан ба мавридаст, ки дар ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ ва барқарор кардани сулҳу суббот дар кишвар ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат нақши бориз дорад. Таҳти раҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини истиқрори сулҳ саҳми назарас доранд. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон се давраро аз сар гузаронд: Марҳалаи аввал ин давраи барқарорсозӣ ва ташкили неруҳои мусаллаҳ, давраи дуюм таъсиси ҷузъу томҳои Қуваҳои мусаллаҳ ва давраи сеюм бошад, рушду нумуъ ва бо техникаи мукамали низомӣ таъмин гардидани Қувваҳои мусаллаҳи нишон дода мешавад. Бо ин тартиб агарчи дар дигар сохторҳои давлатӣ дар кишвар, заминаи мукамал вуҷуд надошта бошад ҳам, лекин роҳбарияти кишвар тавонистанд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол соли 1993 таъсис диҳанд. Сарфи назар аз вуҷуд доштани мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ёфт ва садҳо нафар ҷавонон дар Донишкадаҳои ҳарбии олии мамлакат ва хориҷи кишвар маҳорату малакаи низомиро азбар карда, сафи неруҳои мусаллаҳро бо афсарони соҳибтаҷрибаи маҳаллӣ пурра намуданд. Ҳамин тариқ Артиши миллӣ ба як неруи муқтадири касбӣ табдил ёфт. Айни замон неруҳои мусаллаҳи мамлакат таоми имкониятҳоро дорад, ки марзу буми кишварро ҳифз намояд. Давоми солҳои сипаришуда дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ байни Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷ як қатор созишномаҳои ҳуқуқӣ, ки низоми муносибатҳои гуногунҷанбаи кишварҳои ба мо ҳампаймонро мушаххас месозанд ба имзо расида, ҳамчунин мулоқоти музокираҳои судманд барои густариши ҳамкориҳои минбаъдаи Қуваҳои мусаллаҳ доир карда мешаванд. Баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохтори кишварҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва сайқал додани маҳорати ҷангии ҳайати шахсӣ чи дар ҳудудӣ Чумҳурии Тоҷикистон ва чи берун аз он, пайваста машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ гузаронида мешавад. Дар Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Вақто, ки мо ватандустӣ мегуем қабл аз ҳама пеши назар ҳифзи Ватан, ҳимояи якпорчагии марзу буми онро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои истиқлолият, таҳкими рукунҳои давлатдорӣ аз ҷумла неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Имрӯз, ки ҳифзи Ватан, сулҳу суббот ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, онҳоро мо бояд ҳифз намоем ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳсос намоянд Артиши миллӣ ҳаёти осоиштаи онҳоро муҳофизат карда метавонад. Хизматчиёни Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми чоряк аср собит намуданд, ки дар ҳифзи истиқлолият ва тамомияти марзу буми кишварамон дар ҳолати омодабош қарор доранд. Мардуми шарифи кишвар ифтихор аз он доранд, ки муқаддастарин неъмати дунё-истиқлолият, рукни давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободро соҳиб гардидаанд. Расидан ба қадри истиқлолият ва давлати мустақил, сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ ҳама моро дар маҷмуъ ба сӯи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешрафти иқтисодиву ичтимоӣ ва ҳадафҳои нав мебаранд. Муқаддасу бегазанд ва пойдор нигоҳ доштани истиқлолият ин дастоварди бузург ва неъмати бебаҳо, вазифаи давлат ва ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳи кишвар маҳсуб меёбад. Бо гузашти 25 сол Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон устувору қаввӣ гардида, бо кадрҳои соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ва бо техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ таъмин мебошад. Хушбахтона мардуми Тоҷикистон дар симои Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ҳомиву муҳофизи худро дида, ру ба бунёдкориву созандагӣ ниҳодаанд. Зеро Артиши миллӣ такягоҳи ассосии давлат ва сипари боэътимоди миллат буда, халқ ва Ватани азизамонро содиқона ҳифз менамояд. Шореҳи сиёсӣ Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» Олимҷон Забирзода.