20:37, 27 Майи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Кобул: Чин дар Бадахшон мавқеъ намегирад

Шӯрои амнияти миллии Афғонистон эълон кард, ки гузоришҳо дар хусуси таъсиси

пойгоҳи низомӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин дар вилояти Бадахшони ин кишвар асоси воқеъӣ надорад. Тибқи гуфтаи масъулини дафтари матбуотии шӯро, чанд рӯз боз дар расонаҳои хабраӣ маълумоти беасос нашр мешавад, ки гӯё Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин мехоҳад, дар вилояти Бадахшони Афғонистон пойгоҳи низомӣ таъсис диҳад. Кормандони шӯрои амнияти миллии Афғонистон ҳамчунин таъкид карданд, ки ин гуна ҳамкориҳои низомӣ аз сӯи кишварҳои хориҷӣ бе тасдиқи ин шӯро ва Президенти мамлакат имконнопазир аст.