11:01, 21 Августи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот намуд

Рӯзҳои 6-7 феврали соли 2018 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати ҷониби Ӯзбекистон

ба Ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон сафари корӣ намуд. Зимни сафари корӣ мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Отабек Муродов баргузор гардид. Ҷонибҳо зикр карданд, ки сафари мазкур бо иродаи сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сурат гирифта, баёнгари идомаи муносибатҳои батадриҷ рушдёбандаи байни ду давлати ҳамсоя дар самти ҳамкории ҳуқуқӣ арзёбӣ карда шуд. Зимни мулоқот масьалаҳои дурнамои ҳамкории дуҷонибаи ҳуқуқӣ, алалхусус ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони якдигар, дастгирии ҳуқуқии соҳибкорӣ ва бартараф намудани монеаҳои ғайриқонунии рушди он, кофтуков ва истирдоди шахсони дар кофтуков қарордошта, расонидани ёрии ҳуқуқӣ вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ, созмон додани гурӯҳҳои муштараки тафтишотӣ барои тафтиши парвандаҳои ҷиноятии фаромиллӣ ва фаросарҳадӣ, ҳамкории дуҷонибаи прокуророн дар сатҳи прокуророни вилояту шаҳрҳои наздисарҳадӣ, муқовимат бо терроризм ва экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд. Дар хотимаи мулоқот Созишномаи ҳамкории байниидоравӣ ба имзо расонида шуд. Инчунин дар доираи сафари корӣ мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон П. Бобоҷонов ва Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон К. Комилов баргузор гардида, масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баррасӣ гардиданд.