20:54, 24 Феврали 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Шукурҷон Зуҳуров бо Сооронбой Жеенбеков мулоқот намуд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад,

бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот намуд. Зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар робитаҳои хориҷии Қирғизистон баланд арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки Қирғизистон хостори тавсеа ва таъмиқи ҳарчи бештари муносиботи худ бо Тоҷикистон дар ҳамаи арсаҳо мебошад. Сооронбой Жеенбеков ҳамчунин натиҷаи сафари худ ба Тоҷикистон ва дидору мулоқотҳояш бо мақомоти баландпояи Тоҷикистонро самарабахш ва муфид арзёбӣ намуда, натиҷаи онро барои миллат ва давлати худ муҳим хонд. Раиси Парлумони Тоҷикистон изҳор намуд, ки имрӯз ҳамкории байни Тоҷикистону Қирғизистон ба робитаҳои самарабахш асос ёфтааст. Дар шароити буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва ноустувории вазъи байналмилалӣ масъалаи тақвият ва тавсеаи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодии ҷумҳуриҳо аз мавзӯъҳои муҳими ҳарду ҷониб ба шумор меравад. Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин таъкид намуд, ки самти муҳими ҳамкории дуҷониба ин муносиботи байнипарлумонӣ мебошад. Парлумони Тоҷикистон ҳамчунин ба рушду густариши ҳамаҷониба бо Ҷумҳурии Қирғизистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. «Моро мебояд ҳамкории байнипарлумонии давлатҳоямонро ба сатҳи сифатан нав барорем. Барои расидан ба ин ҳадаф дар Парлумони Тоҷикистон Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон таъсис дода шудааст, ки раисии онро вакили қирғизтабор Олимҷон Сафаров бар уҳда дорад»,-баён дошт Ш. Зуҳуров.