05:24, 26 Майи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масири нави ҳамгироӣ

Ду кишвари ҳамсоя - Тоҷикистону Қирғизистон дорои муштаракоти зиёди фарҳангию иқтисодӣ

ва ҳамкории зич дар бештари соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ мебошанд. Сафарҳои пайвастаи сарони ду давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба кишварҳои ҳамдигар дар рушду густариши муносиботи дуҷониба уфуқҳои тозаро боз намудааст. Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 январи соли 1993 барқарор гардида, дар ҳарду давлат сафоратхонаҳои якдигар аз соли 1997 фаъолият мекунанд. Дар марҳилаи кунунӣ раванди муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба дар сатҳи баланди рушдёбанда фазои дӯстию ҳусни ҳамҷаворӣ фаъолона идома дода мешавад. Заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи сиёсию иқтисодии Тоҷикистону Қирғизистонро бештар аз 70 санад, ки зимни сафарҳои роҳбарони давлатҳо ба кишварҳои ҳамдигар ҳосил шудаанд, дарбар мегирад. Мулоқоту вохӯриҳои расмӣ ва робитаҳои шахсии сарони ду кишвар ба раванди муносиботи дуҷониба такони ҷиддӣ бахшида, заминаро ба таҳкиму тавсеаи он фароҳам мекунад. Имрӯз Тоҷикистону Қирғизистон ду кишвари дӯсту наздик дар бештари соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба рушди муносбот дар тамоми бахшҳо таваҷҷуҳи хосса равона месозанд. Тоҷикистону Қирғизистон дар раванди муносибатҳои дӯстона ба робитаҳои фаъоли сиёсӣ, тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи фарогир аҳамият ва афзалияти хосса медиҳанд. Бояд таъкид дошт, ки Тоҷикистону Қирғизистон тарафдори ҳамкориҳои фаъоли минтақавӣ ва рушди равандҳои ҳамгироӣ мебошанд. Вобаста ба ин, ду кишвар ба ҳамкории муфиди дуҷониба дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, СААД, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Созмони ҳамкории Шанхай, Бунёди байналмилалии наҷоти Арал, институтҳои молиявӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ, ки ҳарду кишвар аъзоянд, аҳамияти хосса медиҳанд. Мавқеи ду давлат оид ба бисёр масъалаҳои мубрами сиёсию иқтисодии дорои хусусияти минтақавӣ бо назардошти манфиатҳои дигар кишварҳои минтақа ба ҳам мувофиқат мекунанд. Душанбеву Бишкек имрӯз ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ низ дар доираи созишномаҳои байниҳукуматӣ диққати махсус равона намуда, густариши муносибот дар ин самтро ба манфиати мардумони ду давлат медонанд. Муносибоатҳои тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон бо оғози кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии Маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба, ки аз 12-уми июли соли 1997 таъсис дода шудааст, рушд ёфта, тамоюли мунтазами афзоиши устувор ва мушаххаси нишондиҳандаҳои гардиши савдоро ба миён овардааст. Таъсиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба, мунтазам доир намудани ҷаласаҳои он ба истилоҳ пуле барои ба сатҳи нави рушд баровардани ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон дониста мешавад. Ба гуфти коршиносон ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар таърихи навини Тоҷикистону Қирғизистон яке аз заминаҳои муҳими муътадил нигоҳ доштани муносибатҳо дар тамоми соҳаҳои дигар дониста мешавад. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки яке аз омилҳое, ки ду кишварро дар бештари масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар як мавқеъ нигаҳ медорад, омили иқтисодӣ аст. Тоҷикистону Қирғизистонро ҳамкориҳо дар соҳаи об ва энергетика ба ҳам хеле наздик месозад. Зеро иқтидори обию энергетикии онҳо ба ҳамдигар наздик ва то ҷое вобаста аст. Коршиносони масоили сиёсӣ бар он назаранд, ки ин омилҳо ба боз ҳам наздиктар гардидани равобит миёни Душанбеву Бишкек мегарданд, дар ҳоле, ки ду кишвари ҳамсоя аз имконоти дар даст доштаи хеш пурсамар кор бигиранд. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки истеҳсоли нерӯи барқ аз об дар оянда метавонад, яке аз муҳимтарин омилҳои рушди иқтисодии ду давлат бошад, зеро талабот ба нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза дар ҷаҳон дар ҳоли афзоиш аст. Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз дар самти боз ҳам тавқияти ҳамкориҳои дуҷониба тарҳҳои зиёдеро рӯи даст доранд, ки коршиносон амалигардии онҳоро дар рушди иқтисодиёти ду кишвар ва беҳтар шудани вазъи зиндагии мардумони давлатҳо муҳим арзёбӣ мекунанд. Лоиҳаи КАСА -1000, ки тарҳи муштараки интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба кишварҳои Афғонистону Покистон дониста мешавад, яке аз муҳимтарин пружаҳо дар ин самт мебошад. Амалигардии ин тарҳ имрӯз бо сармоягузории ин чор давлат, созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҳавасманд идома дорад. Татбиқи ин тарҳи азими минтақавӣ амалан ба фоидаи ду кишвари содиркунанда аст, ки ба бозори фурӯши нерӯи барқи кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ роҳ меёбанд. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо мавҷудияти сарҳаду коммуникатсияи умумӣ, дорои имконоти зиёди транзитианд, ки сохтмони роҳхо бо дигар давлатҳои минтақа ҳам яке аз самтҳои муҳими муносиботи ду давлат аст. Дар баробари ин ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаи гуманитарӣ, суръати рӯзафзунро ба худ касб кардааст. Ҳайатҳои ду кишвар дар сатҳҳои гуногун, дар чорабиниҳои илмию фарҳангии якдигар фаъолона ширкат меварзанд. Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз кӯшишҳоро бар он равона месозанд, ки робитаҳои мутақобилаи судманди ду кишвар дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ рушди бештарро ба худ касб карда, фазои боэътимод ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни мардумони ду кишвари ба ҳам дӯст ҳамеша пойдору устувор боқӣ бимонад. Дар маҷмӯъ, дар муносибатҳои миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар шароити рушди мустақил, саъю кӯшиши муштарак ҷиҳати роҳандозии алоқаҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ ба назар расида, дар он руҳияи эътимоди мутақобил, ҳусни ҳамҷаворӣ ва муносибатҳои нек бо якдигар ҷой дорад. Муносиботи дӯстӣ ва ҳамҷавории Тоҷикистону Қирғизистон, ки дорои решаҳои таърихӣ мебошад, дар давоми 25 соли барқарории равобити дипломатӣ боз ҳам густариши бештарро пайдо намуд. Дар ин давра бо саъю кӯшишҳои якҷояи сарони давлатҳои ду кишвар дар ҳама самтҳо Тоҷикистону Қирғизистон ба натиҷаҳои беҳтар ноил гардидаанд.

                                      Сафархӯҷа Ризозода - Сармухаррири идораи барномаҳои таҳлилии телевизиони "Ҷаҳоннамо"