21:06, 24 Феврали 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Тоҷикистон ва Қирғизистон- аз ҳамсоядорӣ то ҳамгироӣ

Муносибатҳои дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзо гузоштани

«Ахднома дар бораи дустӣ, ҳамкорӣ ва ҳамҷаворӣ» аз 14 уми январи соли 1993 барқарор гардидааст. Бояд гуфт, ки меҳвари аслии равобити Тоҷикистону Қирғизистонро ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, ичтимоиву фарҳангӣ, илму техника, низомиву ҳарбӣ, энергетикаву кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо ташкил медиҳанд. Дар марҳалаи аввали соҳибистиклолӣ Тоҷикистону Қирғизистон баҳри боз ҳам таҳкими муносибатҳои тарафайн ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои байниҳукумативу табодули таҷриба ҷиҳати таъсиси гурӯҳҳои корӣ мувофиқа ба даст оварданд. Дар ин самт барои таҳкиму густариш бахшидани хамкориҳои дӯстона, моҳи марти соли 1997 намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо вусъат ва густариш ёфтани робитаҳои дӯстона, намояндагии дипломатии худро дар Ҷумҳурии Қирғизистон ифтитоҳ намуд, ки ин раванд ба уфуқҳои нави муносиботи дуҷониба миёни ин ду кишвари ҳамсоя такони ҷиддӣ бахшид. Муҳаррики ягонае, ки такондиҳандаи ҳамгироиҳои иқтисодиву тиҷоратии миёни ду ҳамсоякишвар, яъне Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақа дониста мешавад, ин бо ҳам наздик будани иқтидорҳои бонуфузи обу энергетикаи ин ду кишвар мебошад. Далели ин гуфтаҳо татбиқи консепсияву барномаҳои миёни давлатӣ ва аз ҳама муҳим амалишавии лоиҳаи «КАСА 1000» мебошад, ки ду кишвари ҳамсоя, яъне Тоҷикистону Қирғизистонро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ махсусан Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва ҳато Эронро пайваст месозад. Зикр кардан ба мавирд аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон аъзои як қатор созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ буда, доир ба ҳалли масалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризу ифротгароӣ пешгирии ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амният дар минтақа, махсусан Афғонистон нигоҳи ба ҳам наздик дошта, дар ҳамоишҳои сатҳи баланди СММ, ИДМ, СААД, СҲШ нигоҳҳои якдигарро ҷоибдорӣ мекунанд. Тоҷикистону Қирғизистон бо дар назардошти пешомадҳои рушди иқтисодӣ, эътибори рӯзафзуни байналмилалӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва геопалитикии худ, инчунин робитаҳои таърихан дӯстонаи байни халқҳои ду кишвар ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар самтхои гунонуни мутакобилан судманд таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Бино ба далелҳои коршиносони масоили сиёсиву иқтисодӣ истеҳсоли неруи барқ аз об дар оянда метавонад, яке аз муҳимтарин омили рушди иқтисодиёти ду кишвари ҳамсоя бошад. Зеро талабот ба неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар ҷаҳон дар ҳоли афзоишаст ва ин ду кишвари ҳамсоя имрӯз имконоти зиёди истифоданашуда дар ин самтро доро мебошанд. Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки истифодаи имконот метавонад ду кишвари ҳамсояро ба дастовардҳои зиёди иқтисодӣ дар оянда муваффақ созад. Тоҷикистону Қирғизистон бо мақсади таҳкиму вусъат бахшидани ҳамкориҳои тарафайн ва расидан ба ин ҳадафҳои олӣ дар доираи созишномаҳои ҳосилшуда имрӯз иқдомҳои худро баҳри боз ҳам беҳтару хубтар намудани муносибатҳои тарафайн амалӣ месозанд.                                                            Олимҷон Забирзода шореҳи сиёсӣ