11:53, 10 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Сироҷидин Аслов Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба ҳузур пазируфт

16 январи соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов

аз Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Маммадзода Дилсуз оғлу нусхаи эътимоднома қабул кард. Пас аз маросими супоридани эътимоднома мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Озарбойҷон доир гардид, ки зимни он миёни ҷонибҳо оид ба ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарию фарҳангӣ, инчунин масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.