20:40, 13 Ноябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти Араб барои сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб маблағгузорӣ менамояд

Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти Араб

ба лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохторӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб (қитъаҳои А ва F) маблағгузорӣ менамояд. Ин тасмим зимни ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ, ки 18-20 декабри соли 2017 дар шаҳри ал-Кувайти Давлати Кувайт баргузор гардид, гирифта шуд. Ҳамзамон ҳолат ва дурнамои ҳамкории байни ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, молия, сармоягузорӣ ва бахши хусусӣ, бонкдорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, нафту газ, энергетика, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш, телевизион ва радио аз масъалаҳое буданд, ки зимни ҷаласа мавриди баррасии ҳайатҳои Тоҷикистону Кувайт қарор гирифтанд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва ҳайати Давлати Кувайтро муовини якуми Вазири молияи Давлати Кувайт Халифа Мусаид ал Ҳамада роҳбарӣ намуданд. Зимни ҷаласа зикр гардид, ки сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт дар моҳи майи соли 2017 баҳри тақвияти ҳамкории байни ду кишвар нақши муҳим бозидааст. Мавҷудияти имкониятҳои фарохи молиявӣ, заминаи мусоиди ҷалби сармоя ва технологияҳои пешрафтаи Кувайт дар амалӣ гардонидани лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла, бунёди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли металлҳои ранга, бонкдорӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тавлиди молҳои саноатии мавриди ниёзи мардум ва сайёҳӣ муҳим арзёбӣ гардид. Бо мақсади тақвияти ҳамкории мустақим байни доираҳои соҳибкории ду кишвар ва муаррифии бештари имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки соли 2018 дар Давлати Кувайт Форуми муштараки сармоягузорӣ доир намоянд. Тарафҳо зарурати таҳияи Барномаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020-ро муҳим шуморида, ҳамзамон ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади дастгирии лоиҳаҳои хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди махсуси рушди сармоягузориро таъсис хоҳанд дод. Дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи муштарак мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири молияи Давлати Кувайт Наиф ал-Ҳаҷраф ва Вазири саноат ва савдои Давлати Кувайт Холид Носир Абдуллоҳ Равзон доир гардид, ки дар он дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз натиҷаи баргузории ҷаласа, Протоколи ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ ба имзо расид. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо Нуралӣ Шоқурбонов иттилоъ дод.