08:59, 24 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Миёни Тоҷикистон ва Германия машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд

Дар шаҳри Берлин миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии федеративии

Германия таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Германия оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои Шарқӣ Андреас Пешке машваратҳои навбатии сиёсӣ баргузор гардиданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни машваратҳо масоили ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, тиҷорат, сармоягузорӣ, амният, робитаҳои байнипарлумонӣ, энергетика, нақлиёт, илму маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамзамон оид ба масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд. Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии худро баҳри боз ҳам таҳкиму густариши муносибатҳои гуногунҷабҳаи ҳарду кишвари дӯст таъкид карданд.