04:37, 24 Сентябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи 15–уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир мешавад

14-15 сентябри соли равон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи 15-уми

Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба бехатарии саноатӣ баргузор мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд. Дар ҷаласа масъалаҳои оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои марбут ба бехатарии саноати кишварҳои ИДМ матраҳ мегарданд. Бино ба иттилои манбаъ, ба ҳайати шӯро Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Украина шомиланд. Шӯрои мазкур бо мақсади ҳалли масъалаҳои марбут ба бехатарии саноатӣ ва таъмини кафолати амнияти ҳаёт ва саломатии кормандоне, ки дар иншооти хатарнок кор мекунанд, инчунин ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист аз садамаҳои техногенӣ бо назардошти истифодаи самараноки таҷриба ва дастовардҳои илмию техникӣ созмон ёфтааст.