07:32, 14 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Сарвазири Покистон дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Имрӯз, 5 июл Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз

Шариф дар доираи сафари расмии худ ба Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром ба таърихи давлатдории тоҷикон дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе гулчанбар гузошт. Дар маросими гулчанбаргузорӣ меҳмони олиқадрро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. Нимаи дуюми рӯз дар қароргоҳи ҳукуматӣ мулоқоти сарвазирони Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Тоҷикистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Қоҳир Расулзода баргузор мегардад.