12:02, 20 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф

бо сафари расмии дурӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Меҳмони олиқадрро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Маросими расмии мулоқоти Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф имрӯз дар Қасри миллат оғоз мегардад. Муҳаммад Навоз Шариф дар доираи сафари расмӣ ба Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот анҷом медиҳад. Ҳамчунин Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф дар мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон иштирок мекунад, ки зимни он ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкории се давлатро дар соҳаҳои сиёсату иқтисод ва амният баррасӣ менамоянд. 6 июл бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори лоиҳаи CASA-1000 баргузор мегардад.