10:08, 25 Июни 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Боку байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид

Дар ҳошияи баргузории ҷаласаи 65-уми роҳбарони мақомоти

гумруки кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин санадҳо — Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ ва Протокол оид ба тартиби ҳамкорӣ байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳангоми муқоисаи маълумоти омории гумрукии савдои дутарафа мебошанд. Ба имзо расидани ду санад ба тақвияти ҳамкории мақомоти гумруки ду кишвари ҳамҷавор — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард.