01:35, 17 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш : «Бадахшон на танҳо минтақаи зебои Тоҷикистон, балки ҷаҳон аст»

Дар доираи сафари кории худ ба Тоҷикистон Дабири кулли

Созмони Миллали Муттаҳид Антониу Гутерриш аз кӯли Сарези водии Бартанг дидан кард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ВМКБ. Дар ин сафар ӯро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов ва дигар намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва байналмилалӣ ҳамроҳӣ намуданд. Дар сарбанди ин кӯл меҳмононро раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед истиқбол гирифт. Бояд тазакур дод, ки ин сафар дар доираи амалӣ намудани барномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ташкил гардида буд. Барномаи мазкур аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, аз тарафи СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ гардид. Дар ҳоле, ки чандин кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд, кӯли Сарез дорои 17 миллиард метри мукааб оби тоза буда, истифодаи дуруст ва бехавфи он метавонад мушкили беобиро дар ояндаи наздик аз байн барад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолиаш ба ин масъала диққати зарурӣ дода, аз деҳаи Япшорв ба деҳаи Барчидев, ки дар зери сарбанди Усой қарор дорад, роҳи мошингард кушод. Бо кумаки Созмони байналмиллалии ФОКУС ду пули пиёдагард аз болои дарёи Бартанг, ки оби он аз Сарез ҷорӣ мешавад, сохта шуданд. Зебогии кӯли Сарез ва манзараҳои атрофи он меҳмононро ба ваҷд овард. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш гуфт, ки Бадахшон на танҳо як минтақаи зебои Тоҷикистон, балки ҷаҳон ба шумор меравад. Пас аз тамошои кӯли Сарез ва сарбанди он Дабири кулли СММ бо хушҳолӣ гуфт, ки мо ҳамасола барои бунёди обанборҳо дар нуқоти мухталифи олам маблағҳои калон масраф мекунем, аммо барои шумо Худованд обанбори ройгон бунёд кардааст. Аз он ки шумо ин пиряхҳову обҳои поку мусаффо ва табиати афсонавии диёратонро ҳифзу нигаҳдорӣ мекунед, боиси таҳсину ташвиқ аст.