01:28, 17 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

«ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИСТИФОДАИ САМАРАНОК, ОҚИЛОНА ВА УСТУВОРИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ НАМУНА АСТ». Андешаҳои Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш доир ба кӯли Сарез ва табиати зебои Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигорони АМИТ «Ховар» ва Шабакаи

«Зимни боздид аз кӯли Сарез, аз ин минтақаи кӯҳҳои Помир,

мо бояд ду сабақ омӯзем. Аввал, пеш аз ҳама, мо мушоҳида менамоем, ки пиряхҳо об шуда истодаанд, ва бинобар ин ниҳоят муҳим аст, ки тамоми ҷомаеи байналмилалӣ барои андешидани тадбирҳои таъсиргузор ва гому талошҳои муассир дар ростои пешгирии зуҳуроту таъсири тағйирёбии иқлим ҷалб карда шавад ва иқдомҳои зарурӣ барои татбиқи Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим амалӣ гарданд. Силсилаи чораҳое андешида шаванд, ки мо тавонем ояндаи сайёраи худ ва инсониятро аз гирдоби хавфу падидаҳои хатарзои натиҷаҳои тағйирёбии иқлим раҳои бахшем. Аз дигар ҷиҳат, ҳангоме ки мо ба ин кули нодир назар меафканем, мо муқаддам аз ҳама, неъмати гаронбаҳои табиат – обро мебинем. Кӯли Сарез мисоли хуби он мебошад, ки чи гуна мо бояд захираҳои обиро нигоҳ дорем.Мо бояд обро ба тарзи самаранок, ба шеваи устувор мавриди истифода ва истеъмоли худ қарор бидиҳем, Зеро ин неъмати табиат – об барои истеҳсоли нерӯи барқ сарвати муҳим маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, мо бояд онро дар саросари ҷаҳон ба таври самарнок ҳифз намоем, оқилона истифода барем ва боарзиш донем, то ки ин сарвати бебаҳои табии ба нафъи мардуми курраи замин хидмат намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили об дар арсаи байналмилалӣ пешниҳодҳои муфид намуда, пешсафии худро дар ин ҷода собит кард, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди дастгирӣ қарор дода, шоистаи таҳсину қадр медонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истифодаи самаронок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ намуна аст. Хеле муҳим аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ аз ин шеваву усули истифода сабақ биомӯзанд, ба он пайрав ва пуштибон бошанд. Ин ҷабҳаи ниҳоят муҳим буда, моро водор месозад, ки барои боз ҳам беҳтар намудани мудирияти захираҳои об кӯшишҳои муштарак ба харҷ диҳем. Худи далели он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»- ро манзур намуд, шаҳодат аз он медиҳад, ки то чӣ андоза роҳбарияти олии кишвар, Президенти муҳтарами Тоҷикистон ба мавзӯи ҷаҳонии об аҳамияти хоса зоҳир менамоянд. Дар ин радиф, барои ташвиқу татбиқи ин ибтикор муҳим аст, ки дар иттифоқ тадбирҳои муассир мавриди амал ва баҳрабардорӣ қарор дода шаванд. Мо ба ин хотир муваззафем то тамоми корҳои заруриро анҷом диҳем.Зимни сафарҳои худ ман қиёс меорам. Масалан, зодгоҳи ман Португалия барои бунёди сарбандҳо маблағҳои ҳангуфт, миллионҳо маблағ сарф намуд, аммо Худованд ба кишвари дилписанди Шумо сарбандҳои табиӣ ато кардааст, ин шаҳодати ҳикматест, ки Шумо мардуми назаркарда мебошед. Ман ба тамоми кормандоне, ки барои сафари мо ин қадар заҳмат кашиданд, миннатдории бепоёни худро изҳор мекунам».