10:16, 25 Июни 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Маҷлиси солонаи саҳмдорони ҶСК «Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти раёсати Сарвазири мамлакат доир гардид

Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Раиси Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» Қоҳир Расулзода маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» баргузор гардид, ки дар он 10 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар оғози маҷлис ҳисоботи солона ва ҳисоботи муҳосибавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» дар соли 2016 шунида шуд ва хулосаи аудитории ҷамъияти мазкур барои соли 2016 пешниҳод гардид. Ҳамчунин дар ҷаласа оид ба зиёд намудани сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ҷамъият, инчунин илова ба Низомнома дар бораи Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Дар маҷлис аъзои Шӯрои нозирон, Комиссияи тафтишотӣ ва Комиссияи баҳисобгирии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» интихоб гардид ва аудитори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои соли 2017 ва подошпулии он тасдиқ шуд.