14:25, 13 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Душанбе Ҷамъомади ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои зиддитеррористии мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ оғоз шуд

Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе Ҷамъомади ҳайати

роҳбарикунандаи сохторҳои зиддитеррористии мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ кори худро оғоз намуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Маросими оғози кори Ҷамъомади ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои зиддитеррористии мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ бо гулгузорӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ ёфт. Ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои зиддитеррористии мақомоти амният бо нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқадассоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд. Ҳоло Ҷамъомади ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои зиддитеррористии мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ дар «Кохи афсарон» ҷараён дорад.